Қазияи куштори Ҳувайдои ғӯрамарг дар Серпухов
Ҳарчанд аз қазияи гӯшношунид тақрибан се сол мегузарад, вале то ҳол гумонбари асосӣ Александр Сёмин ҳукм нагирифтааст

Хоҳари Ҳувайдо бемор аст: падараш мадад мехоҳад

Падари Ҳувайдо Тиллозода, кӯдаки ғӯрамарги муҳоҷири тоҷик аз мақомоти Тоҷикистон дар табобати хоҳари бемори Ҳувайдо мадад мехоҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо Тиллозодаи ғӯрамарг аз раиси шаҳри Кӯлоб ва вазири тандурустии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода дар табобати кӯдаки бемораш, хоҳари Ҳувайдо, Фархунда Тиллозодаи 5-сола кӯмак мехоҳад.
Тавре Саидов дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, Фархунда Тиллозода, соли таваллудаш 2016 гирифтори фалаҷи майнаи сар аст ва ниёз ба табобат дорад.
Падари кӯдак мегӯяд, ҳудуди се сол аст, ки тамоми кӯшишашро дар Русия барои ҷазо гирифтани гумонбари куштори кӯдакаш анҷом медиҳаду феълан дар таъмини молии кӯдакаш мушкилӣ мекашад.
Қазияи куштори Ҳувайдои ғӯрамарг дар Серпухов
Баъди 5 моҳи танаффус: парвандаи Ҳувайдо ҷараён мегирад
"Модари фарзандам низ бинобар ба нигоҳубини махсус ниёз доштани кӯдаки бемор кор карда наметавонад", - меафзояд мард.
"Духтурони Маскав гуфтанд, ки агар кӯдак сари вақт табабат шавад, имконияти раҳо ёфтанаш аз ин беморӣ аст. Мо имконияти табобати пулакӣ надорем, дар ҳоле ки Фархунда сари вақт бояд табобат гирад. Маблағамон ҳатто барои харидани дору намерасад", - шикоят мекунад Саидов.
Ба қавли падари Ҳувайдои марҳум, ин бори дувум аст, ки ӯ аз мақомот дасти ёрӣ мехоҳад.
"Рӯз то рӯз саломатиаш бад шуда истодааст. Аз вазир хохиш мекунам, ки агар имконият бошад, духтари маъюбамро дар ягон беморхонаи ватанӣ табобат кунанд ё дар табобати ӯ дар хориҷ мусоидат намоянд. Аз раиси шаҳри Кӯлоб хоҳиш дорам, ки ба воситаи шуғли аҳолӣ ва буҷаи Кӯлоб кӯмаки моддӣ расонанд", - мегӯяд вай.
Феълан, Фархунда Тиллозода бо модараш Нигина Саидова дар шаҳри Кӯлоб қарор доранд.
Ду моҳ интизор мешавем: ҳомии падари Ҳувайдо гуфт, чаро суд баррасии парвандаро бозистонд
Ёдрас мешавем, соли 2018, моҳи июл куштори як духтараки 5-солаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода ҷомеаи Русия ва Тоҷикистонро такон дода буд. Ҳодиса дар шаҳри Серпухови вилояти Маскав рух дод.
Духтарак бо падар ва модараш дар яке аз биноҳои истиқоматии шаҳр ба сар мебурданд. Падари хонавода Абдусалом Саидов то замони ҳодиса кор мекард, модари Ҳувайдо Нигина Абдусаломова фарзандонашонро нигоҳубин мекард.
Ҳувайдо Тиллозода аз майдончаи бозие, ки дар назди хонаашон буд, нопадид шуд ва баъди як рӯзи ҷустуҷӯ ҷасадашро аз назди роҳи оҳани шаҳр пайдо карданд.
Ҳарчанд аз қазияи гӯшношунид тақрибан 3 сол мегузарад, то ҳол гумонбари асосӣ Александ Сёмин ҳукм нагирифтааст. Сёмин ҳудуди 2 солу се моҳ дар беморхонаи рӯҳӣ табобат мегирифт ва ҳамагӣ чанд рӯз пеш ӯро солим эътироф карданд ва ба ҳабси пешакӣ гирифтаву парвандаро ба тафтишот баргардониданд.