ДУШАНБЕ, 11 апрел - Sputnik. Радиои Садои Хуросон дар истинод ба матбуоти Туркия аз афзоиши шадиди масрафи маводи мухаддир дар ду шаҳри бузурги Истанбул ва Аданаи ин кишвар хабар медиҳанд.
Ба гузориши ин манбаъ ду шаҳри бузурги Истанбул ва Адана дар Туркия дар ҷойгоҳи дувуму сеюми шаҳрҳои пурмасрафи маводи мухаддири ҷаҳон қарор гирифтаанд.
Матбӯоти Туркия ҳам дар рӯзҳои ахир бо ибрози нигаронӣ аз ин мавзӯъ ба баррасии вазъияти ногувори гароиш ба маводи мухаддир дар ин шаҳрҳо пардохтаанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар чанд соли гузашта Нию-Йорки Амрико ҳамвора муҳимтарин конуни пахшу масрафи маводи мухаддири саросар ҷаҳон буда ва навъҳои гунгуни ин мавод дар Нию-Йорк ба таври густарда масраф мешаванд.
Бар асоси оморҳои ҷаҳонӣ бештарин героини дунё пас аз Нию-Йорк ва бештарин марихуана низ пас аз Барселона дар Истанбул масраф мешавад.