Даъвати соҳибкорони афғон ба намоишгоҳи “Тоҷикистон 2021 – Баҳор”

Мақомоти Тоҷикистон бар он аст, ки табодули иттилооти тиҷоратӣ, ташкили чорабиниҳои намоишӣ барои тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратии Афғонистону Тоҷикистон такони зарурӣ хоҳад бахшид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 апрел - Sputnik. Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед бо Ноиби президенти Федератсияи Палатаҳои тиҷоратӣ ва сармоягузории Афғонистон ҷаноби Хон Ҷон Алокозай, намояндагони Палатаи тиҷоратӣ ва сармоягузории Афғонистон ва як гурӯҳ ҳайати соҳибкорон аз Афғонистон, мулоқот кард.
Гуфта шудааст, ки бо таваҷҷӯҳ ба масъалаҳои мубрами тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ, мусоҳибон ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷоративу иқтисодӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карданд.
Тоҷикистону Афғонистон дар бахши ҳаракати ҳавоӣ санади ҳамкорӣ ба имзо расонданд
Щамзамон ҷонибҳо инчунин ҷанбаҳои муҳимтарини ҳамкориҳои байни палатаҳо, бахшҳои хусусӣ, намоишгоҳҳо ва бизнес - форумҳои соҳибкоронро баррасӣ намуданд.
“Тоҷикистон ва Афғонистонро робитаҳо аз рӯи принсипҳои дар умум эътирофшуда, ҳамсоягии нек, таърихӣ ва фарҳангӣ ба ҳам мепайвандад. Ҳамкории палатаҳои савдо ва саноат, ҳамчун пайванди пайвастаи доираҳои тиҷоратӣ дар самти манфиатҳои асосӣ амал мекунад”, - қайд кардааст Раиси Палатаи савдо ва саноат Ҷумъахонзода Ҷамшед.
Роҳбари палатаи савдои Тоҷикистон изҳори умедворӣ кард, ки табодули иттилооти тиҷоратӣ, ташкили чорабиниҳои намоишӣ барои тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратии ду кишвар такони зарурӣ хоҳад бахшид.
Бо истифода аз ин фурсат, Ҷумъахонзода Ҷамшед аз доираҳои тиҷоратии Афғонистон барои иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии “Тоҷикистон 2021 – Баҳор”, ки баргузории он моҳи майи соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, даъват ба амал овард.