ДУШАНБЕ, 11 апрел - Sputnik. Ахиран Ҳуа Чуниёнг дар паёмии тветтирӣ таъкид кард, ки Амрико бояд бидуни қайду шарт ба барномаи ҷомеъи иқдоми муштарак (Барҷом) бозгардад ва ҳамаи таҳримҳои зидди Эронро бекор кунад ва дар ин сурат Эрон низ мутақобилан пойбандӣ ба Барҷомро аз сар мегирад, иттилоъ додааст сомонааи “Парстудей”.
Инчунин манбаъ иттилоъ додааст, ки Яанг Қун, намояндаи Чин дар ожонси байналмиллалии энержии атомӣ пас аз поёни нишасти Комиссиюни муштараки Барҷом дар Вена ба хабарнигорон гуфта аст, ки ҳамаи тарафҳо ихтилофоти худро коҳиш додаанд ва мо шоҳиди иттифоқи назари қадам ба қадам барои эҳёи Барҷом ҳастем.
Даври дувуми нишасти Комиссиюни муштараки Барҷом ахиран дар Вена пойтахти Австрия поён ёфт ва тавофуқ шуд, ки гуфтугуҳои тахассусӣ бо ҳадафи таҳияи феҳристи иқдомоти лозим барои рафъи таҳримҳо ва низ баҳси фаъолиятҳои ҳастаии Эрон бо ҳадафи эҳёи Барҷом ё тавофуқи ҳастаӣ идома ёбад.
Лағви ҳамаи таҳримҳои Амрико зидди Эрон гоми зарурӣ дар масири эҳёи Барҷом аст ва Эрон пас аз он ки дар амал бекоршавии таҳримҳоро мушоҳида кард фаъолиятҳои ҳастаии ҷадиди худро мутаваққиф хоҳад кард.