ДУШАНБЕ, 9 апр – Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, маъмурини милиса муайян намудаанд, ки раиси 56-солаи ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш тариқи маслиҳати пешакӣ бо марди дигар, ба сокини ҷамоати мазкур замин фурӯхтааст.
ВУД мегӯяд, айбдоршавандаҳо аз сокини ҷамоат барои 8 ҳисса замин 3600 доллари амрикоӣ гирифтаанд.
“Муайян карда шуд, ки марди 56-солаи сокини ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш, ҷойи кораш раиси ҷамоати деҳоти мазкур, тахминан моҳи октябри соли 2015, бо маслиҳати пешакӣ бо марди 47-солаи сокини ҷамоати деҳоти зикргардида бо роҳи фиреб ба боварии марди 56-солаи сокини ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистони ҳамин ноҳия даромада, аз ӯ 3 ҳазору 600 доллари амрикоӣ гирифтаанд”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.
Таъкид шудааст, ки ба ивази ин маблағ аз заминҳои корами обӣ, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Тоҷикобод, 0,08 га қитъаи заминро ҳамчун замини наздиҳавлигӣ додаанд.
Ба иттилои ВУД, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, феълан тафтишоти он идома дорад.
Назари бевоситаи худи айбдоршаванда дар бораи айбҳои эълонкардаи мақомот феълан маълум нест.