ДУШАНБЕ, 9 апр - Sputnik. Футболбози дастаи мунтахаби Тоҷикистон Искандар Ҷалилов пас аз осеби вазнин дар Маскав ҷарроҳӣ шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ.
Ҷалилов дар клиникаи травматология ва ортопедияи Маскав ҷарроҳӣ карда шудааст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки ҳимоятгари 28-солаи "Истиқлол" -и Душанбе Искандар Ҷалилов ҳангоми тамрини дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҷароҳати вазнин бардоштааст.
Гуфта мешавад, ҷарроҳии футболбозро табибони Маскав бомуваффақият анҷом додаанд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳимоятгар Ҷалиловро бар асари осеби вазнин барои як муддат аз даст дод. Варзишгар ба роҳбарияти клуби "Истиқлол" барои дастгирӣ изҳори сипос кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, муҳлати барқароршавӣ тақрибан шаш моҳро дар бар мегирад.
Бо сабаби ҷароҳати вазнин, варзишгар дар доираи интихоби Ҷоми Ҷаҳон-2022 наметавонад дар бозии муҳим бо Муғулистон ширкат варзад.