ДУШАНБЕ, 9 апрел - Sputnik. ФСБ фаъолияти ду исломгароро, ки қасди ҳамлаи террористӣ дар як мактаб дар Симферополро доштанд, пешгирӣ кард.Дар ин бора аз хадамоти матбуотии ниҳоди зиддахл хабар доданд.
Тибқи маълумот, ду шаҳрванди 29 ва 22-сола ба манфиати ташкилоти террористии мамнӯъ дар Русия - Ҳаёт Таҳрир аш-Шом (собиқ Ҷабҳат-ан-Нусра), фаъолият мекарданд.
Боздоштшудаҳо нақша доштаанд, ки яке аз муассисаҳои таълимии Симферополро тарконанд. ФСБ қайд кард, ки пас аз ҳамлаи террористӣ, ин ду ҷавон мехостанд ба Украина фирор кунанд ва сипас ба Сурия раванд. Дар Сурия онҳо нақша доштанд, ки ба сафи ҷангиён шомил шаванд.
Дар робита ба таблиғи фаъолияти террористӣ, таблиғи терроризм ва сохтани ғайриқонунии бомбаҳо алайҳи ин ду гумонбаршаванда, парвандаҳои ҷиноӣ боз шудаанд.
ФСБ иттилоот дар бораи муассисаи таълимие, ки нақша буд дар он ҳамла тарҳрезӣ кунанд, ифшо намекунад.
Маълум аст, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷойҳои истиқомати ҷинояткорон кофтукоб гузаронидаанд.
Ҳангоми амалиёт маводи тарканда ва дигар ҷузъҳои бомбаҳои худсохт мусодира карда шуданд. Ғайр аз ин, нерӯҳои амниятӣ дастур ва мукотиба бо эмиссарҳои террористонро пайдо кардаанд.