ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Муҳаммадҷаводи Зариф, ки барои табодули назар бо мақомоти Қазоқистон дар Нурсултон ба сар мебарад, бо Қосим Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳурии Қазоқистон дидор ва дар хусуси алоқаи ду кишвар гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Вазири умури хориҷаи Эрон дар ин дидор Қазоқистонро кишварҳои дӯсту ҳамсояи Эрон дар Хазар донист ва наздикии мавозеи ду кишвар дар мавзӯоти минтақаӣ ва байналмилалиро боаҳамият арзёбӣ кард.
Зариф ҳамчунин талош барои ёфтани масирҳои ҳамкории пойдор барои ҳифзу густариши равобити дуҷониба миёни Теҳрон ва Нурсултонро зарурӣ донист.
Қосим Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон низ дар ин дидор бо таъкид бар таърихи муштарак ва аҳамияти тавсеаи ҳамкориҳо бо Эрон, Эронро шарики калидии Қазоқистон дар минтақа донист ва бар густариши ҳамаҷонибаи равобит дар бахшҳои иқтисодиву сиёсӣ таъкид кард.
Таҳаввулоти БарҶом ва раванди сулҳ дар Афғонистон аз дигари мавзӯҳҳои мавриди гуфтугӯ дар ин дидор буд.