Тавофуқ барои ташкили гурӯҳи кории муштараки дифоӣ ва низомии Эрону Тоҷикистон

Генерал Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон бо сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дидор кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 апр - Sputnik. Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар дидор бо вазири дифои Тоҷикистон аз эҷоди гурӯҳи кории муштараки дифоӣ-низомии ду кишвар хабар дод, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Сардор, сарлашкари посдор Муҳаммади Боқирӣ рӯзи панҷшанбе дар ҷамъи хабарнигорон дар хусуси тавофуқҳои ҳосилшуда аз дидораш бо вазири дифои ҷумҳӯрии Тоҷикистон гуфт, ки бо оғози фасли баҳор мизбони вазири дифои кишвари дӯсту ҳамсояи ҷумҳӯрии Тоҷикистон будем ва дар ин сафар пояҳои тавсеъаи равобити низомии ду кишвар гузошта шуд .

“Ҳамчунин муқарар шуд, то гурӯҳи кории муштараки байни нерӯҳои мусаллаҳи ду кишвар эҷод шавад ва ин коргурӯҳ ояндаи равобити низомӣ ва дифоиро муайян ва барномарезӣ кунад”, - гуфт Сарлашкар Боқирӣ.

Сарлашкар Боқирӣ афзуд, ки вазири дифои Тоҷикистон бо ҳайати ҳамроҳаш аз маҷмӯъаҳои саноъати дифоии кишвари мо боздид доштанд ва дар нишасти имрӯз ҳам дар бораи гурӯҳҳои кории мухталиф дар ҳавзаи низомӣ, аз ҷумла ҳамкориҳои омӯзишӣ ва ғайра музокира шуд.
Шералӣ Мирзо: иродаи Тоҷикистон ба тавсеаи ҳамкориҳои низомӣ ва дифоӣ бо Эрон ҷиддист
"Қатъан ҳамкории нерӯҳои мусаллаҳи Эрону Тоҷикистон дар афзоиши амнияту суботи минтақа, тақвияти нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва истифода аз таҷрибаҳои ду кишвар таъсири мусбат хоҳад дошт ва ин сафар сароғози тавсеъаи равобити низомӣ ва дифоии байни ду кишвар аст", - таъкид дошт раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон гуфт.
Вазири дифоъи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ба Эрон сафар кард
Ёдрас мешавем, ки ахиран вазири дифои Тоҷикистон генерал-полковник, Шералӣ Мирзо ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар кард. Дар ин сафар, вазир бо роҳбарони воломақоми сиёсиву низомии ин кишвар мулоқот кард.