Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Рӯзи ифтитоҳи парвозҳо аз Челябинск ба Тоҷикистон эълон шуд

Боз як фурудгоҳи Русия омодагии худро барои азсаргирии парвозҳо бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 апрел - Sputnik. Челябинск нақша дорад, парвозҳоро ба хориҷа аз сар гирад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ҳукумати вилояти Челябинск.
Ҳавопаймоҳо барои парвоз ба Тоҷикистон, Туркия, Кипр, Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон омодагӣ мебинанд.
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Жириновский азсаргирии парвозҳо миёни Тоҷикистону Русияро шарҳ дод
Интизор меравад, ки парвозҳо ба кишварҳои ИДМ аз Челябинск аз 1 май боз мешаванд.
Дар ҳоли ҳозир, дар фурудгоҳи Челябинск Баландино корҳои таҷдиди техникии гузаргоҳи ҳавоӣ тавассути сарҳади давлатии Федератсияи Русия ба итмом расида, тартиби гирифтани иҷозат барои кор бо визаҳои электронии шаҳрвандони хориҷӣ идома дорад.
Сафорат тартиби роҳёбии тоҷикистониҳо ба парвозҳои самти Русияро гуфт
"Вазъи ҳамагирӣ дар ҷаҳон хеле мураккаб аст, дарвоқеъ, мавҷи сеюм дар бисёр кишварҳо оғоз ёфтааст. Ин, шояд, ба гунае ба оғози кори терминал таъсир расонад. Музокирот барои оғози иртиботи мустақими байналмилалӣ идома дорад , "- гуфт губернатори вилояти Челябинск Алексей Текслер ҳангоми боздид аз бандари ҳавоӣ.
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Посухи сафорат ба 10 суоли асосӣ дар бораи парвоз ба Русия: аз нарху ҳуҷҷат то транзит
Ғайр аз ин, имконоти парвозҳо ба хориҷа аз фурудгоҳи Магнитогорск омӯхта мешавад.