Тағйироти кадрӣ дар шаҳри Норак: Зубайдзода Файзулло вазифаи нав гирифт

Раиси шаҳри Норак дар як ҷаласа мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норакро муаррифӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 апр - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Норак, Зубайдзода Файзулло Зубайдро ба вазифаи мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти шаҳри Норак таъйин гардид.
Тибқи иттилои манбаъ, ахиран дар ҷаласаи васеъ, Асозода Дилшод Алимурод, раиси шаҳри Норак Зубайдзода Файзулло Зубайдро, ба ҳайси вазифаи мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ба ҳозирон муррифӣ намуд.
Тағйироти кадрӣ дар КДАМ, Вазорати корҳои дохилӣ ва КҲФ: кӣ рафту кӣ омад?
Ҳамзамон манбаъ иттилоъ додааст, ки дар иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати шашум ваколатҳои вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаи №10 Асозода Дилшод Алимурод, раиси шаҳри Норак аз ҷониби вакилон якдилона тасдиқ карда шуд.
Гуфта шудааст, ки Асозода Дилшод Алимурод дар назди вакилон ботантана савганди вакилӣ ёд кардааст.
Асозода Дилшод 7 июли соли 1983 дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Соли 2005 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон ва соли 2010 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.
Фаъолияти кориашро аз соли 2005 ҳамчун муҳосиби маркази инкишофи ҷамъияти “Парастор”-и шаҳри Норак оғоз кардааст. Сипас дар вазифаҳои гуногуни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Норак фаъолият доштааст. Солҳои 2014-2020 муовини якуми раиси шаҳри Норак кор карда, аз 11 ноябри соли 2020 бо фармони Президенти Тоҷикистон раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон таъйин гардидааст.