ДУШАНБЕ, 6 апр - Sputnik. Нахуст вазири умури хориҷаи Эрон, Муҳаммадҷаводи Зариф, бо Руслан Қаззоқбоев вазири умури хориҷаи Қирғизисон дидор ва гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”.
Гуфта шудааст, ки Зариф дар дидор бо ҳамтои қирғизистонӣ, ноамнӣ ва бесуботӣ дар Афғонистон ва густариши ифротгароӣ ва терроризмро таҳдидҳои муштарак дар минтақа хонд.
Зариф бо ишора ба равобити амиқ ва торихӣ, фарҳангӣ ва тамаддунии байни мардуми Эрону мардуми минтақаи Осиёи марказӣ изофа кард, ки имкон баҳрабардорӣ аз шароити минтақа барои густариши тавсеаи иқтисодӣ ва дастрасии Қирғизистон ба обҳои байналмилалӣ ва транзити манофеи муштараки Теҳрон ва Бишкек аст.
Сипас вазири умури хориҷаи Эрон бо раисҷумҳурии Қирғизистон дар Бишкек дидор ва дар мавриди густариши муносиботи дуҷониба гуфтугӯ кард.
Ба иттилои манбаъ, Муҳаммадҷаводи Зариф, дар дидор бо Садир Ҷабборов, ба зарфиятҳои мавҷуд барои густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳавзаҳои мухталиф ишора ва аз Ҷабборов барои тавваҷуҳ ба равобити дуҷониба қадрдонӣ кард.
Гуфта шудааст, ки вазири умури хориҷаи Эрон дар ин дидор бо ишора ба иштирокоти фарҳангӣ ва тамаддунии ду кишвар, рифоҳ, амният ва оромиши мардуми Қирғизистонро барои Эрон боаҳамият арзёбӣ кард.
Дар ҳамин ҳол, раисҷумҳурии Қирғизистон низ дар ин дидор бо таъкид бар аҳамияти тавсеаи ҳамкориҳо бо Эрон, вуҷуди зарфияти боло барои ҳамкориҳои иқтисодӣ, ба хусус дар ҳавзаҳои кишоварзӣ, тавлиди дору ва сохтусозро ёдовар шуд.
Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон ҳамчунин аз кумакҳои инсондӯстонаи Эрон дар заминаи муқобила бо вируси корона қадрдонӣ кард.
Қарор аст, Муҳаммадҷаводи Зариф пас аз Бишкек ба Ишқободи Туркманистон сафар кунад.