ДУШАНБЕ, 5 апр – Sputnik. Азим Иброҳим, вазири нақлиёти кишвар зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғара бо кормандони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Данғара, ки дар ҳудуди истироҳатгоҳи “Баҳри кабуд” ба тозакунии ҷуйборҳо ва бартарафсозии сангҳои дар роҳ фуромада машғул буданд, суҳбати корӣ анҷом дод.
"Кормандон гуфтанд, ки музди меҳнаташонро сари вақт мегиранд, аммо аз сифати пасти либосу пойафзоли зимистона ва тобистона, ки дар ду сол як маротиба аз тарафи Вазорати нақлиёт таъмин мегардад, изҳори норозигӣ карданд", - хабар медиҳад дафтари матбуотии вазорат.
Ба иттилои манбаъ, дар пайи норозигии кормандон вазири нақлиёт аз сардори раёсатҳои молия ва корҳо талаб намуд, ки бо риояи меъёрҳои мавҷуда минбаъд пойафзоли мавсимӣ пеш аз харид кардан аз ҷониби масъулин мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор дода шавад ва навъи интихобшуда танҳо босифату ҷавобгуй будан ба талабот пойафзоли мавсимӣ интихоб ва харид гардад.
"Пойафзоли босифате бояд интихоб карда шавад, то ки кормандони муассисаҳои роҳнигоҳдорӣ тавонанд онро ду фасли сол истифода баранд", - гуфтааст вазир.
Ҳамчунин, Азим Иброҳим ба масъулин супориш дод, ки либосҳои болопуши борониро низ ба кормандони муассисаҳои нигоҳдории роҳҳо дар фасли баҳору тирамоҳ таъмин созанд.