Мусодираи зиёди маводи мухаддир дар ВМКБ: шарҳи Агентӣ аз боздошту ҳабс

Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон аз мусодираи миқдори махсусан калони маводи мухаддир хабар медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 апр - Sputnik. Дар ВМКБ миқдори махсусан калони маводи мухаддир мусодира шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон.
Боздошти аъзои гурӯҳи Ҳоҷӣ Икром бо 102 кило маводи мухаддир: худаш дар пайгард
Тибқи иттилои манбаъ, рӯзи 7 марти соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Раёсат дар ВМКБ, дар паи баргузрории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди ноҳияи Ишкошим шаҳрванд Мирзоев Маҳмуд Шодмонбекович бо гумони даст доштан бо қочоқи маводи нашъадор дастгир намудаанд.
Гумонбар сокини 39 - солаи ҷамоати деҳоти А. Замиров, деҳаи Дашт будааст.
Манбаъ мегӯяд, ҳангоми азназаргузаронии шахсӣ аз борхалтаи полиэтилении рангаш сафед, ки ба номбурда тааллуқ дошт 49 адад бастаҳои селофании скочпечи дар дохилашон маводи бӯи махсусдошта дарёфт карда шуд.
"Ташхис муайян намуд, ки маводҳои мусодирашуда навъи нашъаовари "ҳашиш" буда, вазни холиси он 47кг 305гр ро ташкил дод", - омадааст дар хабарнома.
Агентӣ мегӯяд, дар рафти тафтишот муайян карда шуд, ки Мирзоев Маҳмуд бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон шахсияти ба тафтишот номаълум бо номи Файз ва тахаллуси "Муаллим" миқдори махсусан калони воситаҳои нашъадорро ғайриқонунӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, ба даст овардааст.
Амалиёти муштараки Тоҷикистону Амрико: наздик ба ду тонна маводи мухаддир мусодира шуд
Ҳамин тавр, номбурда бо ҷурми қочоқ ва муомилоти маводи мухаддир ба миқдори махсусан калон дастгир карда шуд, ва айни ҳол нисбати ӯ бо моддаҳои 200 қисми 4 банди "Д" ва 289 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Вобаста ба ин нисбати ду шаҳрванди дигар ба далели огоҳ будан аз қазия ва хабар надодан ба мақомот парванда боз шуд.
Боздошти нашъаҷаллоб аз шаҳри Кӯлоб: 86 килограм маводи мухаддир мусодира шуд
Ҳамин тавр, шаҳрвандони ноҳияи Ишкошим Уталбеков Аъзам Ақризобекович истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти А.Замиров, деҳаи Дашт ва Аноятбеков Суҳроб Рустамбекович сокини ҳамин ҷамоат аз деҳаи Андароб мутобиқи Кодекси ҷиноятии ҶТ бо моддаи 347 қисми 1, парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Феълан номбурдагон ба ҳабс гирифта шудаанд ва тафтишоти пешакӣ идома дорад.