"Эркаҳои роҳ", куҳнашавии "нозирони БДА" ва афзоиши садамаҳои нақлиётӣ дар вилояти Суғд

Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Суғд чанд сол боз барои ба эътидол овардани вазъи садамавӣ, дар канори роҳҳо макети нозирони роҳро насб намуда буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 апр – Sputnik. Ҳоло дида мешавад, ки ин "нозирони БДА" кӯҳна шудаанд ва шумори ками ронандаҳо ба онҳо итоат мекунанд, ки боиси афзоиши шумори садамаҳои фоҷиабори нақлиётӣ мегардад.
Садамаи маргбор: духтарчаи 10 - сола дар Восеъ зери чархи "Опел-Астра" ҷон бохт
Бино ба иттилоъи Карим Ҷумъаев, нозири калони тарғиботу ташвиқоти БДА-и Суғд, давоми ду моҳу 25 рӯзи соли ҷорӣ, дар роҳҳои автомобилгарди қаламрави вилоят 50 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 23 нафар ба ҳалокат расида, 58 каси дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштаанд.
Ин масъули БДА мегӯяд, ин омор дар муқоиса ба се моҳи соли 2020 - 4 садама ва 23 ҳолати захмишавӣ бештар будааст.
"Аз ҳисоби умумии садамаҳои содиршуда, 23 ҳолат бо намуди пахш намудани пиёдагардон ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он, 5 нафар ба ҳалокат расида, 20 тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд", - гуфт Карим Ҷумъаев.
Манбаъ мегӯяд, ба хотири пешгирии садмаҳои нақлиётӣ ва баланд бардоштани маърифати ронандагӣ кормандони ин ниҳод, борҳо дар миёни қишрҳои гуногуни аҳолӣ суҳбату вохуриҳо доир кардаанд, вале баъзе аз ронандаҳо ҳамоно ба шитобкорӣ роҳ дода, аз паёмади мусибатовари амали худ андеша намекунанд.
Ҳудуди 8 сол муқаддам бо дастури сардори РВКД дар вилояти Суғд, масъулин ба ҳисоби роҳи Хуҷанд-Истаравшан, дар дигар роҳҳои бузурги вилоят макети нозири роҳро насб намуда буданд.
Шарҳи ВКД дар бораи садамаи маргбор дар даромадгоҳи нақби “Истиқлол”
Ин макетҳо, айни нозирони БДА - ро, ки дар даст ишорачӯб ва дар канори мошини хизматӣ қарор дорад, ифода мекунад.
Он замон бештари ронандаҳо бо баробари дидани чунин тарҳ аз масофаи дур, дар фикри поён кардани суръати ҳаркати нақлиёти худ мешуданд.
Фахриддини Аваззод, сардори ситоди БДА дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, насби ин макетҳои нозири роҳ ҳам, ба хотири тарғиб намудани риояи қоидаҳои ҳаракати роҳ ба вижа аз меъёри муқаррарнамуда баланд накардани суръати ҳаракат аст.
"Бисёре аз ронандаҳо бо баробари дидани ин манзара, корманди бозрасӣ гуфта, суръати ҳаракати худро зуд поён менамуданд ва ба ин васила дар сарашон мутобиқи қоида ҳаракат кардан хутур мекард", - гуфт сардори ситод.
Аммо Аваззод мегӯяд, ҳоло дида мешавад, ки ин макетҳо дигар кӯҳна шудаанд, ва бештари ронандаҳо меъёри сурати ҳаракатро дар роҳҳо риоя намекунанд ва чунин амалкарди онҳо бештар вақт ба рухдоди садамаҳои фоҷиабор боис мегардад.
Садамаи маргбор: сокини ноболиғи Душанбе чор ҳамсолашро зер кард
Карим Ҷумъаев мегӯяд, таҳлили вазъи садаманокии солҳои охир собит мекунанд, ки аксар ҳодисаҳои фоҷиабор дар роҳҳо дар натиҷаи баланд бардоштани суръати ҳаракат, риоя накардани қоидаи сабқат рух додаанд.
"Ронандаҳо тақрибан медонанд, ки ҳамкорони мо дар куҷо назорат мекунанд. Баъди аз назди мо гузаштан суръатро то 150 км соат баланд мебардоранд, аммо аз оқибатҳои нохуши он фикр намекунанд", - гуфт Ҷумъаев.
Аммо баъзе аз ронандаҳо мегӯянд, дар баъзе маврид муносибати нобаробари кормандони БДА ҳам ҳаст, ки ба қавле баъзеҳо "эркаҳои роҳ" шудаанд.
"Мушоҳида мешавад, ки суратфизоии ронандаҳои мошинҳои гаронарзиш бештар вақт аз чашми баъзе кормандони БДА пинҳон мемонад", - гуфт як ронандаи масири Хуҷанд-Истаравшан.