Путин паёмашро ба Маҷлиси Федералӣ ирсол мекунад

Владимир Путин рӯзи 21 апрел дар Маҷлиси федералӣ суханронӣ хоҳад кард. Дар ин бора сухангӯи президент Дмитрий Песков хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 апр – Sputnik. Дмитрий Песков гуфт, ки макони баргузории чорабинӣ замоне эълон мешавад, ки рӯзноманигорон сабти ном шаванд.
Мавзӯъҳои асосии ин мулоқот эълон нашудааст.
"Мо одатан на мундариҷа ва на мавзӯъҳои алоҳидаеро, ки дар паём ба онҳо дахл хоҳад шуд, эълон намекунем. Мо ҳоло ин корро намекунем", -  гуфт Песков ба хабарнигорон.
Владимир Путин соле як маротиба ба парлумон бо паём дар бораи вазъи кишвар ва самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ муроҷиат мекунад.
Пешниҳоди Владимир Путин ба ҷоизаи Нобел
Ин як санади барномавии сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошад, ки биниши векторҳои стратегии рушди Русияро дар ояндаи наздик ифода мекунад.
Он муқаррароти сиёсӣ, иқтисодӣ, идеологӣ, инчунин пешниҳодҳои мушаххас оид ба фаъолияти қонунгузории ҳарду палатаи Маҷлиси Федералиро дар бар мегирад.
Аз рӯи анъана, дар ин чорабинӣ сенаторҳо, вакилони Думаи давлатӣ, аъзои ҳукумат, роҳбарони судҳои конститутсионӣ ва олӣ, губернаторҳо, раисони маҷлисҳои қонунгузории сохторҳои кишвар, роҳбарони конфессияҳои анъанавӣ, ходимони ҷамъиятӣ ва сармуҳаррирони васоити ахбори омма ширкат мекунанд.
Соли гузашта Путин рӯзи 15 январ паёмашро ироа карда буд, ки як соату 12 дақиқа давом кард.