Дар феҳрасти фиръавнҳое, ки ҷасадашон аз Осорхонаи миллии Миср кӯчонда шуданд, аз ҷумла Рамзеси II, Тутмоси III ва Сети I мебошанд.
Дар маҷмуъ ҳудуди 22 фасади фиръавнҳо аз осорхонаи миллӣ дар майдони Таҳрири шаҳри Қоҳира кӯчонда шуданд. Макони нави фиръавнҳо Осорхонаи миллии тамаддуни Миср интихоб шудааст, ки дар қисмати қадимаи шаҳр дар Фустат ҷойгир мебошад.
Миёни фиръавнҳо 18 шоҳ ва чор малика мебошанд, ки ба сулолаҳои 17 - 20 тааллуқ дошта, таърихи беш аз 3 ҳазор сола доранд. Аз ҷумла дар ин миён фиръавнҳо Рамзес II, Тутмос III, Сети I ва маликаи машҳури Миср Ҳатшепсут мебошад.
Маросими кӯчондан бошукуҳ ва бо иштироки одамони зиёд баргузор гардида, тариқи шабакаҳои интернетию телевизионӣ мустақим пахш гардид. Дар Фустат ҷасадҳоро дар ҳуҷраҳои махсуси беоксиген ҷой дода мешаванд, ки ҳомили азот буда, ҷасадҳоро аз намию бактерия ва харобшавӣ ҳифз мекунад.