ДУШАНБЕ, 3 апр – Sputnik. Дар ҳоле, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳо атрофи чанд мавзӯи доғ - барқароршавии парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия, Манижа ва иштирокаш дар Евровидение ва боздошти Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон аз ҳафтаҳои гузашта идома дорад, ин ҳафта корбарони шабакаҳои иҷтимоиро чанд мавзӯи тозаи дигар интизор буд.
"Чиптаталош"
Албатта, аз ҳама мавзӯи парвоз ба Русия ин ҳафта доғтар шуд, зеро нахустин парвоз маҳз ба ҳамин рӯзҳо рост омаданд ва фурӯшу арзиши чиптаҳо хело баҳсбарангез шуданд.
Пас аз эълони барқароршавии парвозҳо, нахустин суоле ки матраҳ мешуд, арзиши чиптаҳо буд. Билохира, рӯзи 31 март, рӯзи чаҳоршанбе, пас аз 6 рӯзи эълони барқароркунии парвозҳо, маълум шуд, ки арзиши парвоз аз Русия ба Тоҷикистон ва аз Тоҷикистон ба Русия чанд пул аст. "Ютэйр" ва "Сомон Эйр", ки ҳуқуқи парвози муқаррариро гирифтанд, эълон карданд - арзиши чиптаи Душанбе-Маскав 3 ҳазору 983 сомонӣ, тақрибан 349 доллар ва аз Маскав ба Душанбе 1640 сомонӣ, 143 доллар. Аммо гуфта мешуд, феълан чиптаҳо ба фурӯш гузошта нашудаанд.
Дар ҳамин ҳол, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори шигифтзадагӣ карданд, ки чаро аврзиши парвоз аз Душанбе гаронтар нисбат аз Маскав аст.
"Тоҷикистон дорои кӯҳҳои баланд аст, парвоз аз кишвар хело мушкил", - мавзӯъро ба танз кашиданд корбарон дар Фейсбук.
"Дар кишвари мо пул дар дарахт месабзад, ҳеҷ гап не", - киноя кардаанд нафарони дигар.
Аммо дар ҳамин ҳол мақомот ва ширкатҳо шарҳ надодаанд, ки дар ҳақиқат чаро билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия нисбат ба аз Русия ба Тоҷикистон қариб ду баробар гарон аст.
Худи ҳамон рӯз, 31 март баъд аз зӯҳр сокинони Душанбе дар назди дӯконҳои чиптафурӯшӣ рехтанд. Бино бар навиштаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарӣ, гӯё овозае паҳн шудааст, ки дар дӯкони чиптафурӯшӣ дар ноҳияи Шоҳмансур, дар наздикии собиқ бозори маъруф ба "Зелёный" ба фурӯши чипта оғоз карданд.
Даҳҳо нафар дар назди ширкати ба номи "Агентии алоқаи ҳавоӣ", ки яке аз дӯконҳои асосии билетфурӯшист, ҷамъ омадаву навбат мепоиданд. Дар ҳоле ки чипта ба фурӯш гузошта нашуда буд.
Корбарони Фейсбук аз ҳамдигар пурсон мешуданд: "кӣ чипта харид?", "арзиши билет чанд будааст?"
Рӯзи 1 апрел, чанд нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин савол посух додаанд. Ба гуфтаи онҳо, аз 4 ҳазор сомонӣ, то 4200 сомонӣ чипта ба парвози Душанбе-Маскав билет харидаанд.
Дар ҳамин ҳол, овозаҳое низ буданд, ки сокинон ба 7 ҳазор сомонӣ чипта харидорӣ карданд.
"Имрӯз дар таксӣ шоҳиди суҳбати ду нафар будам. Яке гуфт: "Арзон мешавад гуфтанд, ҳама Россиярав шуду нархҳо паст ки нашуданд. Се рӯз боз навбат меистам, билет ҳам 7500 сомонӣ шудаст". Рафиқаш дар ҷавоб гуфт: "Ту саросема шудӣ, ба ман мегуфтӣ ба нархи арзонтар ёфта медодам. Мо ба воситаи шиноҳсо бе навбат ба 5100 сомонӣ билет ёфтам... арзонтар". Ана таззоди зиндагӣ!", - менависад як корбари Фейсбук.
Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон овозаҳо дар бораи фурӯхта шудани билети тайёраҳо то моҳи июнро такзиб ва ба мардум итминон медиҳад, ки вазъ таҳти назорати шадиди сохторҳои зидахл қарор дорад.
Икром Субҳонзода, директори Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, фурӯши билетҳо дар хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе пурра аз сӯи ширкатҳои ҳавонавардӣ ба роҳ монда шудааст, аммо бо назардошти вазъи истисноие, ки муҳоҷирини мо доранд, онҳо набояд аз меъёре, ки мувофиқа шуда буд, нархро баланд бардоранд ё яклухт ба афроди алоҳида фурӯшанд.
“Мақомоти ваколатдори давлатии соҳавӣ ва сохторҳои дахлдор ин равандро таҳти назорат мегиранд. Ҳолатҳои ҳаннотӣ, яъне аз нархҳои муайяншуда қиматтар фурӯхта шудани билетҳо аслан қобили қабул нест ва дар вазъи кунунӣ набояд ин гуна амал кард. Аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш мекунем, ки дар ҳоли дучор омадан ба чунин ҳолатҳо ба мақомоти зидахл муроҷиат кунанд”, - гуфт Икром Субҳонзода.
2 апрел "Сомон Эйр" расман эълон кард, ки фурӯши чиптаҳо барои хатсайри Душанбе – Маскав – Душанберо шурӯъ кард.
Маркази матбуоти "Сомон Эйр" дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки фурӯш ҳоло фақат дар авиакассаҳои "Агентии алоқаи ҳавоӣ", воқеъ дар минтақаи мавсум ба “Бозори сабз” – и Душанбе ба роҳ монда шудааст.
“Қимати билети рафт 349 доллар ва қимати билети бозгашт 143 доллар таъйин шудааст, он гуна ки қаблан мақомоти зидахл муайян карда буданд. Билетҳо аз ин нархҳо набояд зиёд фурӯхта шаванд”, - гуфт манбаъ.
Ашраф Ғанӣ "+" Рӯдакӣ "=" "Бӯи ҷӯи Мавлиён ояд ҳаме"...
Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон рӯзи 29 март бо сафари расмӣ ва бо мақсади иштирок дар ҷаласаи хоси вазирони фароянди “Қалби Осиё - Раванди Истанбул” вориди Тоҷикистон шуд. Ин сафар баъди 4 соле анҷом ёфт, ки ҷаноби Ғанӣ бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омада буд.
Худи ҳамон рӯз, 29 март президенти Афғонистон ба Донишгоҳи милли Тоҷикистон, пурнуфузтарин донишгоҳи кишвар рафт ва унвони доктори фахрии ин донишгоҳро соҳиб шуд.
Ҳамин ҷо ҷаноби президент аз фарҳанги муштараки афғонистониён ва тоҷикистониён ёдрас шуда, аз асосгузори адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ду мисраъ шеър хонд.
Навори ин шеърхонии ҷаноби президент дар шабакаҳои иҷтимоӣ дарҳол баҳсбарангез гашт: президент як мисраи шеъри машҳури одаммушшуароро ғалат хондааст: "Бӯи ҷӯи Мавлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрабон ояд ҳаме". (Дурусташ: Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме"- идора)".
Ҳарчанд бархеҳо гуфтанд, ки шояд гап дар талаффуз буд, аммо ба ҳар ҳол дар Афғонистон низ ин шеърхонии президент боиси сарзаниши вай шуд.
Ҳатто Латиф Пидром, собиқ вакил ва Раиси Кунгураи миллӣ, як ҳизби сиёсии Афғонистон, яке аз мухолифони ашаддии Ғанӣ ӯро сарзаниш кард.
"Забони форсӣ оқои Ашраф Ғаниро шармонд. Рӯдакӣ - падари шеъри форсӣ аст. Дар хонаи Рӯдакӣ шеъри Рӯдакиро ғалат хондан, қабеҳ ва шармовар аст", - изҳор дошт ӯ дар саҳифаи фейсбукиаш.
Дигар корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ аз ин мавзӯъ канор намонданд. Дар миён онҳо чанд наварреро пайдо карданд, ки ҷаноби Ғанӣ дар он ашъори Ҷалолуддини Румӣ, яке аз номитарин шоир ва маснавинависони форсҳоро ғалат мехонад.
Аҷибаш ӯ ду мисраъро дар як баромадаш бо як ғалат ва ҳамон ду мисраро дар баромади дигараш бо ғалати дигар қироат мекунад.
Зоҳиран баромади севум, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд, ба мухолифонаш ва мунаққидони Ғанӣ як калиди дигар дар интиқоди ӯ гардид.
Ашраф Ғанӣ пас аз гирифтани увони доктори фахрӣ гуфт, ки пеш аз президент интихоб шуданаш дарс мегуфт ва ин касбро хело дӯст медорад.
Раисҷумҳур афзуд, ки умедвор аст, пас аз хатми раёсаташ ба муаллимӣ хоҳад баргашт ва ин заминаро барояш дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фароҳам мекунанд.
Зимнан, Ашраф Ғанӣ профессори фахрии Донишкадаи давлатии иқтисод ва идораи Туркманистон низ мебошад.
Ӯ хатмакардаи чанд донишгоҳи бонуфуз, аз ҷумла Донишгоҳи Ҳорвард, Донишгоҳи Стэнфорд, Донишгоҳи Колумбия мебошад.
Ғанӣ дар Донишгоҳи Калифорнияи Амрико ва Донишгоҳи Кобул дарс гуфтааст.
"Ворух" - пораи тани ҳар як тоҷикистонӣ"
Ҷамоати деҳоти Ворух, ки дар минтақаи наздимарзии Тоҷикистон бо Қирғизистон ҷойгир аст, дубора мавзӯи доғ шуд.
Мавзӯи муайянсозии марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳангоми сафари раиси КДАМ Қирғизистон Камчибек Тошиев ба Тоҷикистон матраҳ гардид. 15 то 18 март дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии комиссияҳои ҳукуматии ду кишвар оид ба масъалаҳои марзӣ баргузор шуд.
Камчибев Тошиев вақте ба Қирғизистон баргашт гуфт, Қирғизистон ва Тоҷикистон барои тезонидани раванди делимитатсияи марз ба мувофиқа расиданд. Ба қавли вай, ин масъала бояд дар байни се моҳи оянд ҳалл шавад.
Бояд зикр намуд, ки дарозии умумии марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 972 километр ташкил медиҳад, ки аз он танҳо 520 километр дар сатҳи ҳукумат ва 77 километр дар сатҳи гурӯҳҳои корӣ мувофиқа карда шудааст.
Зиёда аз 370 километр номуайян боқӣ мондааст.
Қисми сарҳадии Қирғизистон-Тоҷикистон давра ба давра ба минтақаи муноқиша байни аҳолии маҳаллӣ ё марзбонони ду кишвар табдил меёбад.
Аммо каме нагузашта изҳороти дигаре аз ҷониби Қирғизистон садо дод, ки тоҷикистониёнро шӯронид.
Ҷониби Қирғизистон барои ҳал шудани баҳсҳои марзӣ ба мақомоти Тоҷикистон ду шарт пешниҳод намуд.
"Якум, мо бар асоси қонун марзи онро чен мекунем ва он дигар васеъ намешавад. Вале мо аз ҳудуди худ, танҳо барои истифода ба онҷо роҳ боз мекунем, то онҳо битавонанд ворид шаванд. Дувум, мо омодаем Ворухро иваз кунем. Аагр онҳо ҳудуди онро дар ихтиёри мо бигузоранд, ки 12 ҳазор ҳектор аст, мо ҳам омодаем 12 ҳазор гектарро дар ноҳияҳои дигари вилояти Бодканд бидиҳем. Мо ҳатто рӯйхати ин мавзеъҳоро додем", - гуфт Тошиев
Ин изҳороти ӯ боиси вокунишҳои шадиди корбарон гашт. Дар Фейсбук сокинони Тоҷикистон флешмоб ташкил кардаву менавиштанд, "Ворух - пораи тани ҳар як тоҷику тоҷикистонист". Ва ё гурӯҳ-гурӯҳ ба ин ҷамоат рафта, аз он дидан мекарданд.
Дар ҳоле, ки мақомоти Тоҷикистон ба ин изҳороти хандаовари Тошиев посухе надоданд, як мақомдори олии тоҷик назарашро дар ин бора гуфт.
"Талоши Ворух" дар дасти Ҳамроҳхон Зарифӣ ва Қамчибек Тошиев
Ҳамрохон Зарифӣ, собиқ вазири умури хориҷии Тоҷикистон, ки дар аҳди вазирияш ҳалли масоили марзӣ бо Чинро бурди дипломатияи тоҷик хонда буд, ба пешниҳоди Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ Қирғизистон барои иваз кардани замини Ворух вокуниш нишон дод.
Ӯ гуфт, кии Ворух барои ҳамеша замини Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Ҳамрохон Зарифӣ дар сафҳаи фейсбукияш ин пешниҳоди Тошиевро барои додани Ворух сафсата хонда, таъкид намудааст, ки мо даъвои қаламрави бегонаро надорем, аммо порае аз замини худро низ намедиҳем.
Ӯ гуфтааст, ки бар асоси бархе санадҳои таърихӣ, сиёсӣ ва ҷуғрофӣ қаламрави Ворух ҳеч гоҳ анклав набудааст ва танҳо замони шӯравӣ бархе кӯчманчиёни қирғизро ба чарогоҳҳои Тоҷикистон роҳ дода буданд, ки баъдан дар он ҷо маскан шудаанду дар ҳамдигарфаҳмӣ бо бародарони тоҷикашон иқомат кардаанд.
Зарифӣ гуфтааст, гап сари баргардондани заминҳо ба Тоҷикистон намеравад, танҳо санадҳои ҳуқуқиро бояд эътироф кард.
“На бояд ба тоҷикон заминашонро ба ивази заминашон пешниҳод кард”, - изҳор доштааст собиқ вазири умури хориҷӣ.
Зарифӣ аз сарусадои охир атрофи марз зикр намуда, изҳор доштааст, ки набояд дар хулосабарорӣ шитоб кард, чун тоҷикону қирғизҳо садсолаҳо канори ҳам дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ кардаанд, дасти ҳам гирифтаанд, ки фаромӯш намешавад.
Ҳамрохон Зарифӣ таъкид намудааст, ки чунин инсонҳои манфӣ ҳамсояҳо низ ҳасту дар мо ҳам кофиянд. Дар идома собиқ вазири хориҷии Тоҷикистон аз инқилобҳои зиёду сарнагунсозиҳои роҳбарони қонунан интихобшудаи Қирғизистон суҳбат кардааст, ки онро мушкилзо хондааст.
Тошиев бошад дар навбти худ ин дафъа, собиқ вазири умури хориҷиро баъди вокунишаш ба душманӣ муттаҳам кард.
"Пас чаро Ҳамрохон бо маданияти паст ва муносибати душманона зоҳир карда, хеле бад ҷавоб медиҳад? Шояд аз он сабаб, ки ман ба пешниҳодҳои онҳо, ки манфиатҳои кишвари маро инъикос намекунанд, розӣ набудам? ", - афзудааст мансабдори қирғиз.
Қамчибек Тошиев аз қирғизистониҳо хоҳиш кардааст, ки муносибати дӯстонаро ба мардуми наздики Тоҷикистон нигоҳ доранд ва ба иғвоҳо дода нашаванд.
“Худо хоҳад, ҳамааш хуб мешавад. Чӣ қадаре ки мехоҳед маро сиёҳ кунед, аммо лутфан ба халқи бузурги қирғизам даст нарасонед ”, - муроҷиат кардааст роҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба кишварҳои ҳамсоя.
Ин дафъа низ Ҳамрохон Зарифӣ дар хитоб ба Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон изҳороти дигар доду иштибоҳи мақомдори қирғизро баён дошт.
“Ҷаноби Тошиев, гурбаи сиёҳро дар хонаи торик ёфтан мушкил аст, махсусан агар ин гурба умуман дар он ҷо нест... Ман ҳеч гоҳ чизе баде дар ҳаққи халқи бузурги қирғиз, дар бораи фарҳанги қадиму ғанияш нагуфтаам. Халқҳои мо на танҳо ҳамсоя балки пайванди хешутаборӣ доранд. Ҳамаи мо аз достони қаҳрамони халқи қирғиз Манас ва ҳамсараш Хоникей огоҳем. Ман эҳтироми бузургро нисбати халқ, фарҳанг ва таърихи қирғиз қоилам ва садҳо дӯст дар ин кишвар дорам”, - изҳор дошт собиқ вазир.
Ӯ афзуд, ки дар баробари ин дурӯягиро қабул надораду имконпазир намедонад, ки нафаре бо шеваи табартақсим масъалаи ҳудудиро ҳал намояд, ки аз он ояндаи халқ вобаста аст.
“Чӣ гуна мешавад, Ворухро бо девори оҳанин баст ё сокинонашро аз заминҳои қадимияшон ронд, ки дар он ҷо садсолаҳо аҷдодашон хок шудаанд ва бо ин тарз руҳия ва мероси таърихияшонро хароб кард?”, - суол гузоштааст Ҳамрохон Зарифӣ.
Ӯ идома додааст, ки чӣ гуна бо чунин шева метавон дар бораи тақдири халқ суҳбат карду пешниҳодҳои ҳарза ва сафсатадорро кард. Собиқ вазири тоҷик таъкид намудааст, ки изҳороти Тошиев хилофи меъёрҳои этикии гуфтушунидҳо мебошад. Ӯ суол гузоштааст, ки чӣ гуна метавон хилофи ҳамаи меъёрҳо муҳтавои гуфтушунидҳоро бидуни мувофиқа бо ҷониби дигар дар нишасти матбуотӣ баён дошт?
Чаро Эмомалӣ Раҳмон ба Ворух меравад?
Дар ҳамин ҳол, маълум шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои наздик ба ҷамоати деҳоти Ворух сафар мекунад. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳадс заданд, ки ин сафар дар робита ба баҳсҳои марзӣ аст. Аммо котиботи раисҷумҳур ҳадафи сафари президенти Тоҷикистонро шарҳ дод.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ҳадафи сафари президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон кушодани як қатор иншоотҳо ва мулоқот бо мардум аст.
“Дар рафти сафар президент аз шаҳру навоҳии Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров, Истравшан, Исфара, Хуҷанд ва Гулистон дидан хоҳад кард”, - гуфт ин манбаъ.
Бино ба ин манбаъ, зимни сафар ба шаҳри Исфара ба ҷамоати деҳоти Ворух низ сафари корӣ анҷом медиҳад.
"Дар Ворух ифтитоҳи як силсила иншоотҳои фарҳангиву иҷтимоӣ, аз ҷумла Парчам, Қасри фарҳанг, мактаб, майдончаҳои варзишӣ, боғҳои интенсивӣ ва хатҳои оби нушокӣ барои 9 ҳазор нафар дар маҳаллҳои Тоҷикон ва Сангтуда дар назар аст", - гуфт дафтари матбуоти президент.
Хабари сафари президент ба ҷамоати деҳоти Ворух дар ҳолест, ки дубора номи ин минтақа дар робита бо қазияи марзӣ бо Қирғизистон дар сархатти хабарҳову постҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ қарор мегирад.
Хабари сафари президент ба ҷамоати деҳоти Ворух дар ҳолест, ки дубора номи ин минтақа дар робита бо қазияи марзӣ бо Қирғизистон дар сархатти хабарҳову постҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ қарор мегирад.
Барканори муовини вазири ҷанҷолӣ Ализода
Баҳсҳои арзиши билету Ворух дар авҷ буд, ки рӯзи 31 март Эмомалӣ Раҳмон қарореро имзо кард. Мувофиқи он, ҳамакунан собиқ муовини вазири тандурустӣ Самариддин Ализода аз мансаб барканор шуд.
Чанде пеш як навор аз рафти нишасти матбуотии вазорати тандурустии Тоҷикистон дар мавриди ваксина расонаӣ гашта буд, ки дар он Ализода ширкат дошт.
Канали “Тамошо” рӯзе баъд аз нишасти матбуотӣ як пораи дигар аз оғози ин нишасти хабариро нашр кард, ки мавҷи вокунишҳои пур аз истеҳзо ва хашму ғазабро ба бор овард.
Корбарон аз ин нороҳат шуданд, ки як мансабдори баландпояи Тоҷикистон, ки дар мақоми муовини вазир кор мекунад, дуруст ҳарф зада наметавонад, исми ҳамсуҳбатонашро ҳатто такрор карда наметавонад ва Кореяи ҷанубиро аз Кореяи шимолӣ фарқ намекунад.
Самариддин Ализода, вақте нишасти хабариро шурӯъ мекард, аввал худашро муаррифӣ кард, вале дар муаррифии ду ҳамроҳи худ дучори мушкил шуд: “Аз дасти чап нишастагӣ, ин кас намояндаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Виктор … (баъди фосилаи тӯлонӣ) Олшанский, а? Туғрӣ гуфтам? Аз дасти рост намояндаи ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон … номашро фаромӯш кардам… (ва ба як нафар муроҷиат мекунад) Баланд бигӯ худат номашро."
Самариддин Ализода дар идомаи нишаст ба мавзӯи ваксинаи “Астра Зенека” пардохта, мегӯяд, ки ин ваксина дар Инглистон сохта шуда, дар Белгия, Ҳиндустон ва … Кореяи шимолӣ истеҳсол мешавад. Инҷо ба ӯ касе луқма мепартояд, ки Кореяи шимолӣ не, балки Кореяи ҷанубӣ.
“Эъ, Южная Корея. Хайр, Корея – да, Южний, Северний, э ғам додӣ-да”, – худро ислоҳ мекунад ин мансабдор.
Ализода ҳамагӣ нӯҳ моҳ пеш ва дар авҷи бемории ҳамагир дар Тоҷикистон ба ин мақом таъин шуда буд. Ӯ 55-сола аст ва доктори илмҳои тиб. Дар гузашта дар мансабҳои сардори Хадамоти назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ ва мудири Пажӯҳишгоҳи тиббӣ- профилактикии Тоҷикистон кор кардааст. Соли 1999 аълочии Вазорати тандурустӣ ва соли 2013 корманди шоистаи Тоҷикистон шудааст.
Ҳарчанд дар қарори раиси Ҳукумат далели барканории Ализода зикр намегардид, корбарони зираки шабакаҳои иҷтимоӣ дарҳол ин тағйироти кадриро шарҳ доданд.
"Аз пушти Кореяи сабилмонда як одами хуб, доктори илмхои тибб аз вазифа барканор шуд, чунин балоро Корея ба сари чандин одамо оварда бошад?!", - навиштааст корбаре ба номи Шамс Аминов дар Фейсбук.
"Наход муовини вазир номи ҳамкасбони хориҷиашро надонад?", - суол гузоштааст Меҳрӣ Довудова.
Нафароне низ пайдо шуданд, ки аз Ализода пуштибонӣ мекарданд.
"Ализода Самариддин кадри босавод аст. Доктори илмҳои тиббӣ мебошад. Забони русиро дар сатҳи олӣ медонад. Онҷо айби ташкилкунандагон буд, ки ному насаб ва меҳмонони хориҷиро пешниҳод накардаанд. Дар ҷойи он агар дигар кас ҳам мебуд бо эҳтимоли зиёд ҳамин ҳолат ба сари ӯ ҳам меомад", - менависад Амирҷон Нуров.
Корбарони дигар қазияҳои монанди мансабдорон ба монанди изҳоротҳои раиси Хадамоти алоқа Бег Субур, собиқ вазири маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саидро ёдрас шуданд, ки ҳамчунин суханрониашон дар нишастҳои матбуотӣ боиси хандаи корбарон шуда буд.
Нуриддин Саид феълан раиси Кумитаи телевизион ва радиои кишвар ва Бег Сабур дар вазифаи худ раиси Хадамоти алоқа побарҷо мондааст. Аммо пас аз ҳамон изҳороти хандаавораш дар нишасти матбуотии соли 2015 дигар дар нишастҳо ширкат намекунад.