ДУШАНБЕ, 3 апр – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нав, дар ҷумҳурӣ корхонаҳои васлкунии автобусҳои мусофирбар ва тракторҳои кишоварзӣ таъсис дода шудаанд.
Ба иттилом Агентии омори кишвар, дар муқоиса бо моҳҳои январ-феврали соли 2020 воридоти воситаҳои нақлиёт 7,5% ё худ беш аз 3,4 миллион долла афзудааст, менависад "Авеста".
Ҳаҷми умумии воридоти мошинҳо дар ин давраи соли равон беш аз 48,8 миллион долларро ташкил медиҳад.
Тоҷирони мошин боварӣ доранд, ки афзоиши воридоти воситаҳои нақлиёт ба эҳёи талаботи он дар бозори дохилӣ вобаста аст, гарчанде ки нархи сӯзишворӣ аз аввали соли равон мунтазам боло рафта истодааст.
Содироти мошинҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 1,7 маротиба афзудааст. Ҳаҷми содироти мошинҳо дар давраи муайяншуда беш аз 1,7 миллион долларро ташкил додааст.
Асосан мошинҳои истифодашуда ба кишвар ворид карда мешаванд ва мувофиқан, нархи онҳо нисбат ба мошинҳои нав хеле паст аст.
Таъминкунандагони асосии мошинҳо дар Тоҷикистон кишварҳои Иттиҳоди Аврупо мебошанд. Маъмултарин навъи сабукравҳо миёни тоҷикистониён тамғаҳои Opel, Hyundai, Toyota ва Mercedes мебошанд. Дар мавриди мошинҳои боркаш, онҳо ба кишвар асосан аз Чин оварда мешаванд.
"Соли 2020 ба ҷумҳурӣ 23 ҳазору 19 мошин ба маблағи 115,9 миллион доллар ворид карда шуд", - қаблан иттилоъ дода буд, Хадамоти гумруки Тоҷикистон. Бар асоси ин омор нархи миёнаи ҳар мошини воридшуда 5 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Зимнан, дар соли 2019 теъдоди мошинҳои воридшуда 21 356 ададро ташкил дод, ки маблағи он 147,1 миллион доллар арзёбӣ гардид. Нархи миёнаи ҳар сабукрави воридшуда дар соли 2019 муодили 6,8 ҳазор доллар буд.