ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Рустам, як корбари сомонаи Шӯрои уламо навиштааст, нос мекашид, ҳамсараш ҷанҷол кард, ки нос накад ва кордро гирифтаву гуфтааст, ки агар қасам нахӯрад, худро мекушад.
"Ман барои гирифтани корд аз дасти ӯ гуфтам, ки “занталоқ бошам, ки намекашам”. Вале пас аз чанд моҳ боз нос кашидам. Оё дар никоҳи мо халале ворид шудааст?",- навиштааст Рустам.
Шӯрои уламои Тоҷикистон посух додааст, ки азбаски шумо шарти гузоштаатонро шикастаед, ҳамсаратон як талоқи раҷъӣ шудааст ва бароятон таҷдиди никоҳ мустаҳаб аст.
Набояд фаромӯш кард, ки нос кашидан ба саломатии инсон зарар дорад ва сабаби зоеъ шудани молу сарват мегардад, афзудааст, Шӯрои уламо.
Ба гуфтаи ин ниҳод, он маблағе, ки барои хариди нос харҷ мекунед, онро барои заруриёти зиндагӣ, масалан барои васоили хониши фарзандонатон сарф кунед, иншоаллоҳ дар зиндагатон баракат ҳосил мешавад.