Байден ба Зеленский ваъда дод, ки дар ҳолати ҷанг бо Русия Украинаро дастгирӣ мекунад

Президенти ИМА Ҷо Байден ба ҳамтои украинии худ Владимир Зеленский итминон дод, ки Вашингтон дастгирии Киевро идома хоҳад дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 апрел - Sputnik. Президентҳои Иёлоти Муттаҳида ва Украина Ҷо Байден ва Владимир Зеленский рӯзи ҷумъаи 2 апрел нахустин гуфтугӯи телефонии худро баргузор карданд, ки дар ҷараёни он раҳбари ИМА омодагии худро барои дастгирии низомӣ ба Киев дар пасманзари "таҷовузи Русия" тасдиқ кард.
Лавров: ИМА кӯшиши заиф кардани иртиботи Тоҷикистону Русияро дорад
Президенти ИМА Ҷо Байден ҳамтои украинии худро итминон дод, ки ИМА минбаъд низ Киевро дастгирӣ хоҳад кард. Ба гуфтаи раҳбари Амрико, Вашингтон ба ҳифзи "соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Украина" кумак хоҳад кард.
"Президент Байден бори дигар дастгирии Иёлоти Муттаҳида аз соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Украинаро дар назди таҷовузи давомдори Русия дар Донбас ва Қрим тасдиқ кард", - гуфт Кохи Сафед дар изҳороташ.
Байден дар суҳбат бо Зеленский, ӯро ба дастгирии ислоҳоти дар Украина гузаронидашуда итминон дод.
Қобили зикр аст, ки қаблан Вазорати дифои Украина эълом дошт, ки Вашингтон Киевро "дар сурати афзоиши таҷовузи Русия" дастгирӣ хоҳад кард. Тибқи ин паём, ваъдаи Пентагон ба вазъи Қрим дахл дорад. Ҷониби Амрико инчунин ёдовар шуд, ки аз соли 2015 инҷониб, ИМА ба амнияти Киев беш аз 2 миллиард доллар кӯмак ҷудо кардааст.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, ки гуфтугӯ дар бораи муноқишаи эҳтимолӣ байни Русия ва Украина як тахайули дигари Киев аст. Маскав ба бархӯрд бо ҷониби Украина манфиатдор нест, алахусус дар умури низомӣ.
Песков: Путин намегузорад, ки Амрико бо Русия аз мавқеи зурӣ суҳбат кунад
Дар навбати худ, котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков қайд кард, ки пайдо шудани фарзияи артиши Амрико дар Украина ҳатман Русияро ба "чораҳои иловагӣ" бармеангезад. Ба гуфтаи ӯ, вазъ дар хатти тамос дар Донбасс алакай "хеле ваҳшатнок" аст, ки онро иғвоҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Украина шадидтар кардаанд.