ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik. Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷаи Ӯзбекистон, ки дар сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дошт, бо Кайрат Сорибой, дабири иҷроии конфронси Таомул ва эътимодсозӣ дар Осиё дидор кард, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.
Дар ин дидор ҳамкориҳои Ӯзбекистон дар қолаби ин конфронс баррасӣ шуд.
Сорибой барои ҳамкории Ӯзбекистон бо конфронси Таомул ва эътимодсозӣ дар Осиё арзиши бисёре қоил шуд.
Конфронси Таомул ва эътимодсозии Осиё (СИКА) нахустин бор 5 октябри соли 1992 дар замони баргузории чиҳилуҳафтумин иҷлоси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид тавассути Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури вақти Қазоқистон пешниҳод шуд.
Мавзӯи фаъолияти конфронси минтақаии СИКА таомул ва иқдомот, роҳкорҳову шеваҳои дастёбӣ ба эътимодсозӣ дар қораи Осиё эълом шудааст.
Конфаронси Таомул ва эътимодсозӣ дар Осиё 27 узви аслӣ дорад.