Даъвати ҷавонон ба артиш барои солҳои 2021-2022
Охирин хабару гузоришҳо дар бораи даъвати наваскарон ба сафи Қуваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз ин ҷо пайдо кунед

Дар Тоҷикистон даъвати баҳории ҷавонон ба артиш бо тартиби нав оғоз шуд

Ҷавононе, ки ба синни 18 расиданд ва нафароне, ки ҳуқуқи таъвиқ ё озодшавӣ аз хидмати сарбозиро надоранд, ба хидмат даъват мегарданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Сар аз имрӯз даъвати баҳории наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз гардид.
Ниёз ба артиши тавоно: Ғаффоров хост, дар хизмат адабиёт таълим дода шавад
Даъвати имсолаи ҷавонон ба сафи артиш бо тартиби нав доир мешавад.
Тибқи фармони Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ҳамакнун давоми моҳҳои апрел ва май ҷавонони солҳои таваллуди 1994-2003 ба хизмати ҳарбӣ даъват мешаванд
Президент ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва комиссариатҳои ҳарбю мақомоти марбута дастур дода буд, ки даъвати муташаккилонаи шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба роҳ монанд.
Ёдовар мешавем, дар Тоҷикистон қаблан қонуни нави ҳарбӣ ба тасвиб расид, ки навгонии асосии он хизмати пулакӣ мебошад
Навгониҳои соҳаи ҳарбӣ дар Тоҷикистон
Агар қаблан донишҷӯёне, ки дар кафедраҳои ҳарбии донишгоҳҳо мехонданд, аз хизмати ҳарбӣ озод буданд, аммо тибқи тағйироти нав, ҳоло онҳо низ маҷбуранд, то як сол дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ хизмат кунанд. Илова бар ин, Тоҷикистон ба мисли Қазоқистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон хизмати пулакиро ҷорӣ кард, аммо то кунун маблағи он дақиқ нест.
Саволи "хиҷолатбор"-и Усмонзода ба вазири мудофиа: медонем, ки чаро аз хизмат мегурезанд
Ҳоло дар Тоҷикистон шумораи умумии ҳарбиён 9 ҳазор нафар гуфта мешавад. Илова бар ин, 151,1 ҳазор ҷавонони Тоҷикистон дар синни аскарӣ қарор доранд.
Бо вуҷуди тағйиру иловаҳо ба соҳаи ҳарбӣ, мӯҳлати хизмат дар Тоҷикистон, ки қаблан пешниҳод мешуд, ки кам карда шавад, аммо нашуд. Дар робита ба ин, Шералӣ Мирзо вазири мудофиа гуфт, шароити ҳозира то 18 моҳ ё 12 моҳ кам кардани муҳлати хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок аз лиҳози нигоҳ доштани сатҳи баланди омодабошии ҷангӣ ва омилҳои иқтисодӣ ба мақсад мувофиқ намебошад.
"Дар кишварҳое, ки муҳлати хизмати ҳарбиашон 12 ё 18 моҳ мебошад, хизмати ҳарбии шартномавӣ ҷорӣ гардида, сатҳи омодабошии ҷангӣ аз ҳисоби ҳамин ҷузъу томҳо, ки зиёда аз 50 фоизи шумораи умумиро ташкил медиҳанд, нигоҳ дошта мешавад", - таъкид кард вазир.
Инчунин, то 18 моҳ кам кардани муҳлати хизмати ҳарбӣ, бо дарназардошти хусусиятҳои таъминоти ақибгоҳӣ (муҳлатҳои истифодабарии сарулибос ва дигар амволи шайъӣ), хароҷотро то 30 фоиз зиёд менамояд, афзуд вай.