ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Наврӯз Қурбонзода, сухангӯи Маҷлиси миллӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳайати Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея бо раҳбарии Пак Бён Сок шаби гузашта вориди Тоҷикистон шуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмононро муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода, раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Фарҳод Раҳимӣ ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Ба иттилои манбаъ дар назар аст давоми рӯз Пак Бён Сок бо президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон дидору мулоқот кунад.