Бузургҷуссаҳои ҳавоии Русия аз болои баҳрҳои Баренс ва Норвегия парвоз кардаанд. Дар ин сафар онҳоро ҳайати ҳавопаймоҳои қиркунанда ҳамроҳӣ намудааст. Раванди ин парвоз дар видеои нашркардаи Вазорати мудофиаи Федератсияи Русия намоиш дода шудааст.
Таъкид шудааст, ки ду мушакбари стратегии Ту-160, парвози нақшавӣ анҷом додаанд. Он дар болои қаламрави обии Русия ва қисмати нейтралии баҳрҳои Баренс ва Норвегия сурат гирифт.
"Азимҷуссаҳои осмонӣ" -ро ҳавопаймоҳои ҷангии МиГ-31-и нерӯҳои баҳрии Русия ҳамроҳӣ мекарданд. Дар маҷмӯъ, парвози пешбинишуда 8 соат тӯл кашид.
Вазорати мудофиаи Русия қайд мекунад, ки ҳайати халабонҳои дурпарвози нерӯҳои кишвар мунтазам аз болои обҳои нейтралии Арктика, Атлантикаи Шимолӣ, Баҳри Сиёҳ, Балтика ва Уқёнуси Ором парвоз мекунанд.