Зариф: бархе кишварҳо аз равобити наздики Эрону Афғонистон нохушнуданд

Вазири умури хориҷаи Эрон дар ҳошияи конфронси “Қалби Осиё” дар Душанбе бо ҳамтои афғонистонии худ дидору гуфтугӯ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Муҳаммадҷаводи Зариф дар ҳошияи конфронси “Қалби Осиё” дар шаҳри Душанбе охирин вазъияти ҳамкориҳои Теҳрон ва Кобулро бо Муҳаммадҳанифи Атмар, вазири умури хориҷаи Афғонистон мурур кард, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей".
“Талоши бархе тарафҳо барои тираву тор кардани фазои афкори умумӣ дар Эрону Афғонистон нишонаи нохушнудии он кишварҳо ва ҷараёнҳо аз наздик шудани Эрон ва Афғонистон аст”, - гуфт Вазири хориҷаи Эрон дар ин дидор.
Зариф бо ишора ба рафъи бархе маҳдудиятҳои консулӣ барои шаҳрвандони Афғонистон, ҳадаф аз ин иқдомотро мубориза бо бондҳои қочоқи атбои Афғонистон ба Эрон дониста ва бар идомаи талошҳо барои шаффофсозии ҳузури атбои Афғонистон дар Эрон таъкид кард.
Мулоқоти Зариф ва Раҳмон: чӣ гуфтанд?
Вазири умури хориҷаи Афғонистон низ дар ин дидор маротиби ташаккури давлат ва миллати худро аз мусоидатҳои Эрон дар маҳори оташсӯзиҳои гумрукҳои марзии Афғонистон эълом кард ва Эронро наздиктарин дӯсти Афғонистон хонд.
Атмар хостори идомаи тавсеаи ҳамкориҳо ва машваратҳои созандаи Эрон дар ҳавзаҳои сиёсиву иқтисодии Афғонистон шуд ва бар омодагии комили Кобул барои ташкили комиссияи муштараки ду кишвар дар ҳафтаҳои оянда таъкид кард.
Ашраф Ғанӣ гуфт, пас аз хатми раёсаташ дар Тоҷикистон кор мекунад
Табодули назар дар бораи раванди сулҳи Афғонистон дигар мавзӯи гуфтугӯи Зариф ва Атмар буд.