ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Дар ин дастур таъкид шудааст, ки ин ба маблағ суду ҷаримаи деркарди ин вомро шомил мешавад ва бояд имсол пардохт гардад, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей” дар истинод ба сомонаи “ТоҷВик”.
Ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон дар соли 2015 барои сохти бахше аз масири Душанбе - Бохтар – Ваҳдат ва Ёвон ба тӯли 46 километр аз Бонки содироту воридоти Чин 68 миллион доллар қарз гирифта буд.
Дар ин масир 3 нақб ва 11 пули иртиботӣ низ сохта шуд.
Баҳром Шодиев, муовини раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон гуфтааст, ки маблағи 25 миллион долларе, ки Вазорати молияи Тоҷикистон бояд ба дастури ҳукумат ба Бонки содироту воридоти Чин пардохт кунад, бахше аз қарзи ин ширкат мебошад, ки пас аз сохти ин шохаи роҳи оҳан дар соли 2016 ба далели мушкилоти молӣ заминаи бозпардохти он вуҷуд надошт.
Ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон бояд тайи 5 сол 25 миллион долларро низ ба ҳукумат бозгардонад.