Бонки миллӣ ба ширкати "Тоҷик Эйр" иҷозатномаи "вижа" дод

Бонки миллии Тоҷикистон эълон доштааст, ки ба ширкати “Тоҷик Эйр” барои анҷомдиҳии хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 март – Sputnik.  Раёсати Бонки миллӣ қайд кардааст, ки ба ширкати “Тоҷик Эйр” барои анҷомдиҳии хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ  иҷозатнома барои се сол дода шудааст.
Тибқи иттилои Бонки миллӣ қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар ин бора санаи 26 марти соли 2021, таҳти №49 ба имзо расидааст.
"Тоҷик Эйр" аз кормандонаш 7,8 миллион сомонӣ қарздор аст
Дар ин қарор гуфта шудааст, ки мутобиқи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷик Эйр” ҷиҳати анҷомдиҳии  хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ ба муҳлати 3 сол иҷозатнома дода шуд.
Инчунин роҳбарияти Бонки миллӣ мутобиқи қарори мазкур Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор уҳдадор намудааст, ки дар Феҳристи дорандагони иҷозатнома барои анҷомдиҳии хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ сабти дахлдор ворид намояд.
Бояд гуфт, ки "Тоҷик эйр" як ширкати давлатии ҳавонавардии Тоҷикистон буда, тибқи иттилои Агентии авиатсияи гражданӣ, дар парки худ як ҳавопаймои коршоями "Боинг 757 – 200" ва як ҳавопаймои "Ан – 28" дорад ва бақия ҳавопаймову чархболҳои ширкат дар таъмир мебошанд.
Ҳоло дар Тоҷикистон ду ширкати ватанӣ "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" фаъол буда, дар баробари инҳо 15 ширкати хориҷӣ низ ба мусофиркашонӣ машғул аст.