ДУШАНБЕ, 29 март - Sputnik. Вазорати тандурустии Русия ваксини "Спутник Лайт" - ро низ сабти ном кард, хабар медиҳад РИА Новости.
Ин ваксин як қисми ваксини "Спутник V" мебошад, ки онро дар Маркази ба номи Гамалей ва дар ҳамкорӣ бо Фонди мустақими сармоягузории Русия таҳия намуданд.
Феълан марҳилаи сеюми озмоишии ваксини "Спутник Лайт" идома дорад.
Дар ҳамин ҳол, роҳбари Фонди мустақими сармоягузории Русия Киррил Дмитриев таъкид намудааст, ки ваксини мазкур асосан ба бозорҳои хориҷӣ тамаркуз мекунад. Аниқтар ба он кишварҳое, ки гирифторшавӣ ба коронавирус ба сатҳи баландтарин расидааст.
Қаблан роҳбари Маркази ба номи Гамалей Александр Гинсбург дар робита ба ваксини мазкур гуфта буд, ки ин ваксин метавонад сарбории вазоратҳои беҳдошти кишварҳои хориҷро сабук кунад ва ҳамчунин сатҳи баландтарини сироятшавиро коҳиш диҳад.
Муассирияти ваксини "Спутник Лайт" 85 дарсадро ташкил медиҳад.
Бояд зикр намуд, ки ваксини макур танҳо як маротиба ворид мешавад ва масунияте, ки пас аз гирифтани он пайдо мешавад, то се - чор моҳ нигоҳ дошта мешавад.
Таҳиягарони ваксини "Спутник Лайт" мегӯянд, агар нафаре пас аз гирифтани ин ваксин ба коронавирус сироят шавад, ҷараёни бемории ӯ сабук хоҳад гузашт.