ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар пайи мулоқот бо Ғанӣ гуфт, мо бунёди шабакаи мукаммали нақлиётиву транзитии минтақавиро самти муҳимми ҳамкории ду кишвар арзёбӣ намудем.
“Қобили зикр аст, ки то ба имрӯз мо 6 пули фаромарзиро байни Тоҷикистон ва Афғонистон сохта, ба истифода додаем. Ҳамзамон, корҳои сохтмонӣ ҷиҳати бунёди пули ҳафтум дар мавзеи Кокул – Ойхонум дар рӯзҳои наздик оғоз мегарданд”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон зимни нишасти матбуотӣ.
Қаблан барои бунёди пули 7-ум миёни Тоҷикистону Афғонистон бо Бунёди Оқохон созиш ҳосил шуда буд.
Тибқи иттилои Вазорати нақлиёт, дарозии пул дар мавзеи Кокул миёни ноҳияи Фархори Тоҷикистон ва Ойхонуми Афғонистон 297 метр, бари он 4,5 метр, иқтидори борбардорӣ 60 тонна, дарозии роҳи автомобилгарди ба пул баранда 18,5 км ва арзиши сохтмони онҳо ҳудуди 9,8 миллион долларро ташкил медиҳад.
Ба иттилои Эмомалӣ Раҳмон, феълан дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистон 4 маркази тиҷорати наздисарҳадӣ, инчунин, дар ноҳияҳои наздики сарҳад бо Афғонистон 4 минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шудаанд, ки соҳибкорони Афғонистони ҳамҷавор метавонанд дар фаъолияти онҳо ширкати фаъол дошта бошанд.