ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Ожонси обуҳавошиносӣ мегӯяд, ҳавои ҷумҳурӣ то охири моҳи равон ноустувор боқӣ мемонад.
Ба иттилои манбаъ, то 31 март дар водиҳо боронҳои пуршиддат ва дар кӯҳҳои баландиашон то 2000 метр барфи тар меборад. Дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ дар назар аст, шамол аз самти ғарб бо суръати 15-20 метр дар як сония мевазад. 29 март то 8-10 дараҷа поин рафтани ҳарорати ҳаво дар назар аст.
Манбаъ меафзояд, бар асари бориши зиёд таҳдиди болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳо аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ва дарёҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ ва Обихингоб боқӣ монда, дар роҳҳои кӯҳии ҷумҳурӣ, хусусан дар роҳҳои Душанбе-Айнӣ, Душанбе-Лахш, Душанбе-Сангвор, Душанбе-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим эҳтимоли лағзиши тарма ва резиши сангу рег зиёд аст.
Зимнан, дар водиҳо ва доманакӯҳҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ борони сел дар назар аст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз аҳолӣ хоҳиш менамояд, ки ҳангоми истифодаи роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, мошинҳои худро ба сафар пешакӣ омода кунанд. То ҳадди имкон аз рафтан ба минтақаҳои хатарнок, роҳандозии корҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии ҳезум ва рафтан ба шикор ё моҳидорӣ худдорӣ варзанд.