Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Ҷабборов ваксин намегирад: ӯ алайҳи коронавирус антител дорад

Хадамоти матбуотии раисҷумҳури Қирғизистон мегӯяд, феълан зарурати эм гирифтани Содир Ҷабборов алайҳи коронавирус мавҷуд нест
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 мар – Sputnik. Маълум гардид, ки Содир Ҷабборов, кишардори Қирғизистон алайҳи вируси COVID - 19 эм намегирад. Галина Байтерек сухангӯи президент гуфт, Ҷабборов, ки қаблан дардманди коронавирус буд, аз ин рӯ, ӯ лайҳи ин маризӣ антители кофӣ дорад.
"Мувофиқи машварати табибон, дар ҳоли ҳозир президент ба эмгузаронӣ ниёз надорад. Агар пас аз гузашти вақт шумораи антителаҳо нопадид ё ба таври назаррас коҳиш ёбанд, Ҷабборов он гоҳ ваксин хоҳад гирифт", - таъкид намуд Байтерек.
Дар Қирғизистон сар аз 29 март марҳилаи нахустин ваксингирӣ алайҳи короновирус шурӯъ мешавад. Бар хабари расонаҳои ин кишвар, нахуст вазири тандурустӣ Алимқодир Бейшиналиев ваксин мегирад.
Дуои саломатӣ ба вазир то шакк нисбати AstraZeneca: вокуниши тоҷикистониён ба ваксинагирӣ
Дар ҳамин ҳол, маъракаи эмгузаронӣ алайҳи коронавирус дар Тоҷикистон идома дорад.
Расман: вазири тандурустӣ ва муовинони ӯ бо AstraZeneca эм шуданд
Ин маърака пас аз он сар шуд, ки рӯзи 22 март кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарори расмӣ дар мавриди оғози маъракаи иммунизатсияро тасвиб кард.
Зимнан, дар рӯзи баъдӣ вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдулллозода бо ду муовини худ ва чандин зердастони дигар бо ваксини AstraZeneca алайҳи вируси COVID -19 эм гирифтанд.
Бар хабари вазорати беҳдошти Тоҷикистон ҳоло 3000 нуқтаи доругузаронӣ дар мамлакат таъсис дода шудааст.