ДУШАНБЕ, 26 мар – Sputnik. Азиз Набизода, муовини директори Агентӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, барқарор кардани парвозҳо бо Тоҷикистон аз сӯи Русия як иқдоми саривақтӣ ва воқеъбинона аст.
"Мо шаш моҳ пеш омода будем ва интизор доштем, ки кай Русия тасмими худро мегирад. Хушбахтона, ниҳоят чунин тасмим гирифта шуд. Ҳозир як парвоз дар як ҳафта фақат миёни Душанбе ва Маскав аст. Мо умедворем, ки дар оянда теъдоди онҳо бештар мешавад, чун хоҳишмандони рафтан ба Русия хеле зиёданд", - гуфт Азиз Набизода.
Муовини директори Агентӣ инчунин илова кард, ки феълан нархи чипта номаълум аст.
Ситоди фаврии ҷилавгирӣ аз паҳншавии "вируси корона" дар қаламрави Федератсияи Русия дирӯз, 25 март, эълон кард, ки ин кишвар аз 1 апрел ҳаракати ҳавоӣ бо Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Олмон, Венесуэла, Сурия ва Шри-Ланкаро аз сар мегирад.
Қарори мазкурро сарвазири Русия Михаил Мишустин тасдиқ намудааст.
Ҳоло, парвозҳо ҳафтае як бор ҳавопаймоҳо аз Маскав ба Душанбе ва баръакс парвоз хоҳанд кард.
Парвозҳо миёни Русияву Тоҷикистон ҳанӯз моҳи марти соли равон дар пайи пандемияи "вируси корона" дар ҷаҳон мутаваққиф шуда буданд. То он замон парвозҳо аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар анҷом дода мешуданд.