ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон, 28-29 март дар ҷумҳурӣ боридани боронҳои пуршиддат дар назар дошта шудааст.
Дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳӣ борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва барф пешгӯӣ мешавад, хабар додааст “Ховар” аз қавли ҳавошиносон.
Манбаъ афзуд, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал омада, шамол аз самти ғарб бо суръати то 15-20 метр дар як сония мевазад.
Ба иттилои Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон, рӯзи 29 март пастшавии ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 8-10 дараҷа дар назар дошта шудааст.
“Аз 27 март то 1 апрел дар ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ фаромадани тарма пешгӯӣ шуда, дар водиҳо ва доманакӯҳҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ фаромадани сел аз эҳтимол дур нест”, - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки 27-29 март дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда ва дарёҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ ва Обихингоб баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.
Ҳамасола дар Тоҷикистон бар асари офатҳои табиӣ хоҷагии халқ хисороти зиёд мебинад, ки ба иттилои мақомот гоҳо ҳаҷмаш то ба даҳҳо миллион сомонӣ мерасад.