Коргардони араб барои филмофарӣ ба Тоҷикистон меояд

Филмсози машҳури Аморати Муттаҳидаи Араб Ҳусейн Аларӣ тасмим гирифтааст, ки дар оянда ба Тоҷикистон омада, аз мавзеъҳои назаррабо ва сайёҳию таърихии кишвар филм ба навор гирад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Дар бораи сафари коргардони машҳури араб ба Тоҷикистон зимни мулоқоти Тоҷиддин Ҷӯразода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумат бо ҳайати  масъулини Амороти  муттаҳидаи Араб хабар дода шуд. Ин ҳайат ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои байналмилалии наврӯзӣ дар Душанбе қарор доранд.
Таъсиси се ширкати нави сайёҳӣ дар Тоҷикистон
Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро барои омӯхтани таҷрибаи Аморот, ки дар бозори хизматрасониҳои сайёҳии ҷаҳонӣ пешсаф ва муваффақ аст, таъкид намуд, иттилоъ дод “Ховар”.
Ҷӯразода аз имтиёзҳо дар ҷумҳурӣ суҳбат карда, изҳор доштааст, ки аз ҷумла, ширкатҳои сайёҳӣ дар тӯли панҷ соли аввали фаъолият аз андоз аз фоида озод карда шуда, воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди иншооти сайёҳӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шудаанд.
Зикр шуд, барои шаҳрвандони давлатҳои хориҷие, ки ҳуқуқи бо тартиби сода гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, раводиди навъи сайёҳии бисёркарата ба муҳлати 60 рӯз тамдид карда шуда, ба сармоягузороне, ки то як миллион доллар ворид месозанд, раводиди бисёркаратаи 5-сола дода мешавад.