Ғарб бар зидди Русия ҷанги навро оғоз кард: ҳадаф чист?

Дар пайи таҳримҳои ҷадиди Иттиҳодияи Аврупо зидди чандин ниҳод ва афроди Русия, вазири корҳои хориҷаи Русия аз поёни ҳамкории Маскав бо Брюссел хабар дод.
Sputnik
Ахиран сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков аз талоши кишварҳои Ғарб барои фишор овардан ба Русия интиқод кард.
Амрико мехоҳад Русияро ноаён ҷазо диҳад
Ба ақидаи вай, ин нишонаи сиёсати нерӯи нарм аст, ки ҳадафҳои ҷиддиро дар бар мегирад. Вай гуфт, ин нишонаҳои ба таври зӯроварӣ "демократикунонӣ" аст .
"Талошҳо бо мурури замон такмил меёбанд, ҳоло ин гуна кӯшишҳо бо истифода аз технологияҳои муоссир татбиқ меёбанд", - гуфт Песков ба рӯзноманигорон.
Чанде пеш вазорати дифои Русия эълон кард, ки Ғарб бо раҳбарии Иёлоти Муттаҳида як навъи ҷанги навро бар зидди Маскав оғоз намудааст - ҷанги равонӣ.
Гузориши солонаи Чин дар бораи нақзи ҳуқуқи башар дар Амрико интишор шуд
Ба гуфтаи мушовири вазири дифои Русия Андрей Илнитский, ҳадафи он "хароб кардани худшиносӣ, тағир додани заминаи равонӣ - тамаддунӣ" мебошад. Тафсилот бештар дар видеои мо тамошо кунед.