Занҳо мезананд, мардҳо мерақсанд: иди Ҳолӣ дар Ҳиндустон чигуна мегузарад - акс

Ҷашни Ҳолиро дар Ҳиндустон Фестивали баҳор ё рангҳо ва ё Бхоҷпурӣ низ меноманд. Он охирҳои моҳҳои феврал ва ё аввал, ё охири март дар давоми се рӯз таҷлил карда мешавад
Sputnik
Версияҳои гуногуни пайдоиши ид мавҷуданд, ки бо минтақаҳои гуногуни Ҳиндустон робита доранд. Қадимтарин ва машҳуртарин версия афсонаи ҳиндуҳо дар бораи он аст, ки чӣ гуна Шива Камаро бо нигоҳи худ сӯзонд.
Илова бар ин, дар қисмати шимолии Ҳиндустон пайдоиши анъанаи ҷашн бо ривоятҳои Кришна ва бозиҳои ӯ бо гопиён алоқаманд аст. 
Ҳиндустон ба муносибати 110-солагии Мирзо Турсунзода намоишгоҳ доир менамояд
Аммо, аксар вақт чунин мешуморанд, ки ин ҷашн аз афсонаи ҳиндуҳо дар бораи рақиби Вишну,  Ҳолики, ки номаш мустақиман бо номи ҷашн алоқаманд, бармегардад.
Фестивал ба аввали баҳор рост меояд ва ду-се рӯз дар охири феврал - аввали март давом мекунад. Дар тақвими ҳиндуҳо, Ҳолӣ одатан ба моҳи пурра рост меояд (ба забони ҳиндӣ бо номи Фалгун Пурнима ё Порнмаши маъруф аст).
ВИДЕО
Сурудхонии саг дар Ҳиндустон корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба ваҷд овард - навор
Дар рӯзи аввали ид, ба шаб наздиктар, барои сӯзонидани як дарахти азим ё ороишёфта, ки рамзи сӯхтани Холикиро ифода мекунад, оташ меандозанд ва чорворо тавассути оташ меронем ва бар болои ангишт меравем.
Дар рӯзи дуввум, маъруф ба Дхалундӣ ва рӯзи сеюм, иштирокчиёни фестивал то бегоҳ сайругашт ташкил намуда, бо хокаи ранга ба ҳамдигар душ мекунанд, оби ранголуд ва лой мерезанд [1]. Маросими ид унсурҳои оргастикиро дар бар мегирад.
1 / 10
Муътақидони ҳинду дар ҳоле ки ба болояшон хокаи рангаро мепошанд рақс мекунанд. Ҳамчунин занҳо дар посух ба тамасхури мардҳо онҳоро мезананд
2 / 10
Иди Латмар Ҳолиро дар Ҳиндустон Фестивали рангҳо низ меноманд, ки одатан дар маъбад дар иёлати Уттар-Прадеш 23 март баргузор мешавад
3 / 10
Духтарак бо волидонаш дар ҷашни Латмар Ҳолӣ
4 / 10
Полис ва сокинони маҳ0аллӣ кӯшиш мекунанд, ки дар андӯҳи одамони ба ҷашни Ҳолӣ омадаро назорат кунанд
5 / 10
Мардум новобаста аз паҳншавии коронавирус дар ҷашни Латмар Ҳолӣ хокаи рангаро чошидаву рақс мекунанд. Шаҳри Барсана, иёлати Уттар-Прадеши Ҳиндустон
6 / 10
Мардҳо рақс мекунанд, занҳо мезананд
7 / 10
"Тӯфон"-и рангин ва рақс
8 / 10
Зане дар даст бо чӯб аз бамбуқ
9 / 10
Мӯътақидони ҳинду давр ҷамъомади анъанавии дар рафти таҷлили Ламар Ҳолӣ дар маъбад дар шаҳри Барсанаи иёлати Утар-Прадеш иштирок мекунанд, 23 марти соли 2021
10 / 10
Ҷашни Ҳолӣ дар Ҳиндустон