ДУШАНБЕ, 25 март - Sputnik. Барандаи медали олимпӣ, варзишгари маъруфи тоҷик Зебинисо Рустамова дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон қайд кард, ки вазъи маҳрум кардани қаҳрамони олимпӣ Дилшод Назаровро набояд чунин гузошт.
Рустамова чорабиниҳои муосири варзишӣ ва сиёсатзадагии Олимпиадаро танқид кард.
"Пйер де Кубертен, ки Бозиҳои олимпиро эҳё кард, навиштааст, ки дар варзиш ҷойгоҳи муборизаи паси парда вуҷуд надорад, аммо солҳои охир тамоман чизи дигар рух медиҳад", - гуфт варзишгари маъруфи тоҷик.
Вай қайд кард, ки Кодекси ҷаҳонии зидди допингии WADA, ки аз соли 2015 амал мекунад, аз 1 январи соли 2021 навсозӣ шудааст, аммо сиёсаташ тағйир наёфтааст.
"Инчунин пешниҳоде ҳаст: шояд ҳама муттаҳид шаванд, суратҳисоб кушоянд ва сипас маблағҳои худро барои шикояти шадид алайҳи маҳрум кардани Дилшод Назаров ба ҳакамии варзишии Лозанна сарф кунанд?" - таклиф кард Рустамова.
Роҳбари Ассотсиатсияи Олимпиадачиёни Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук Себастян Ко дар бораи аз вазифаи сардори Федератсияи варзиши сабуки ҷумҳурӣ барканор кардани Дилшод Назаровро шарҳ дод.
"Дар мавриди истеъфои Назаров, тибқи оиннома, инро маҷлиси умумии Федератсияи варзиши сабуки ҷумҳурӣ ҳал мекунад. Азбаски ҳар як федератсия худмухтор ва мустақил аст. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки Дилшод Назаров бо ҷомеа ҳамдигарфаҳмӣ дорад ва аз ҷониби Президент Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ дастгирӣ мешавад", - гуфт қаҳрамони олимпӣ.
Ёдовар мешавем, ки Дилшод Назаров барои допинг ба муддати ду сол аз мусобиқоти варзишӣ маҳрум карда шуд.
Гуфта мешавад, пас аз дубора санҷидани намунаҳои допинг аз ӯ дар ҷараёни Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар шаҳри Тэгуи Куреи Ҷанубӣ, ки дар он ҷо ӯ 10 хол гирифта буд, муҷозот шуд. Дар хуни ӯ моддаи манъшудаи дегидрохлорметилтестостерон (DHCMT) ёфт шудааст, хабар дода буд ниҳоди мустақил бар зидди падидаҳои манфӣ дар варзиши сабук (AIU).
Бояд қайд кард, ки натиҷаҳои варзишгар, ки тӯли ду сол аз 29 августи 2011 то 29 августи соли 2013 нишон дода буд, бекор карда мешаванд. Вай инчунин аз 24 сентябри соли 2019 сар карда, барои ду сол аз мусобиқаҳои варзишӣ маҳрум карда шуд.
Варзишгар ягон медали олимпии худро аз даст надод, аммо бинобар маҳрум шудан, ӯ Олимпиадаи соли 2020 дар Токиоро, ки моҳи июли соли 2021 оғоз мешавад, аз даст дод.
Худи Назаров дар вокунишаш ба ин тасмим гуфт, ҳама талошҳояш барои рафъи иттиҳомот натиҷа надоданд ва мақсади ягона дур сохтани ӯ аз Олимпиадаи Токиё буд, зеро дар майдон ҳарифе пурқувваттар аз ӯ набуд.