Вокуниши Эрон ба изҳороти раисҷумҳурии Афғонистон

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Эрон ба суханони раисҷумҳурии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар бораи ҳақобаи Эрон аз дарёи Ҳилманд вокуниш нишон дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории ИРНА, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Эрон Саид Хатибзода рӯзи чаҳоршанбе дар бораи ифтитоҳи сади Камолхон дар Афғонистон рӯи дарёи Ҳилманд таъкид доштааст, ки бар асоси қарордоде, ки соли 1972 милодӣ байни ду кишвар ба имзо расид, ҳаққобаи Эрон комилан мушаххас шудааст ва давлати Афғонистон низ ба он мутааҳҳид аст. 
Ҳадаф поёни ҷанг дар Афғонистон: музокироти Эрон бо намояндагони Толибон дар Теҳрон
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Эрон таъкид кард Эрон аз изҳороти Раисҷумҳурии Афғонистон Ашраф Ғанӣ барои табдили об ба мавзӯи ҳамкории байни ду кишвар истиқбол мекунад.
Сарбанди Камолхон дар дарёи Ҳилманд, 18-километрии ҷануби Заранҷ, маркази вилояти Нимруз дар ҷанубу ғарби Афғонистон, рӯзи чаҳоршанбе бо ҳузури Раиси Ҷумҳурӣ Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ифтитоҳ шуд.
Ғанӣ дар маросими ифтитоҳи сарбанди Камолхон гуфт Кобул ба тааҳҳуди худ дар баробари ҳақобаи Эрон аз Ҳилманд пойбанд аст ва агар Эрон оби бештаре бихоҳад Афғонистон ҳозир ба мубодилаи об дар баробари нафт аст. 
Вай таъкид кард оби Ҳилманд муоҳидаи кулли Афғонистон бо Эрон аст ва мавзӯи оби сарбанди Камолхон низ бо ин муоҳида татбиқ дода хоҳад шуд.