Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ: ӯ алакай чаҳор иншоотро ифтитоҳ кард

Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон зимни сафари корӣ ба вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ чаҳор иншооти гуногунро ифтитоҳ кард.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 март - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ нахуст Маҷмааи тиҷоратии “Наврӯз”-ро ифтитоҳ кард.
Дар Бохтар корхонаи шифербарории муҷаҳҳаз бо технологияи Русия фаъол шуд
Гуфта шудааст, ки сохтмони иншоот, ки масоҳаташ ба 2 ҳазору 112 метри мураббаъ баробар аст, ҳануз соли 2019 оғоз ёфта буд. Бино аз 3 ошёна ва таҳхона иборат мебошад.
“Ин бино аз тарафи сокинони ватандӯсти ноҳия оилаи Абдуллозодаҳо бунёд шудааст”, - таъкид доштааст манбаъ.
Дар ошёнаи аввали ин иншоот асосан маҳсулоти хӯрокворӣ фурӯхта мешавад. дар ошёнаи 2-юми либос фурӯхта мешавад ва дар қабати сеюми иншоот корхонаи дӯзандагӣ бунёд ёфтааст.
Бино дар шафати роҳи мошингарди дорои аҳамияти маҳаллӣ ҷойгир будааст.
Сипас Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Наврӯзи деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои наву муосири Маркази ташхисию табобатии “Исмоил”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Ин иншоот аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ғолибҷон Холов” сохта шудааст.
Иншооти нави соҳаи тандурустӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба таври муосир бунёд ёфта, дар он барои фаъолияти кормандон тамоми шароит фароҳам мебошад.
“Сокинони ҷамоати Навобод барои ташхис ва муоинаи баъзе бемориҳо ба маркази ноҳия ва вилоят сафар мекарданд. Акнун дар ин ҷо на танҳо ба сокинони ҷамоати мазкур, балки ба тамоми аҳолии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хизматрасонии тиббӣ пешниҳод карда мешавад”, - қайд кардааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Инчунин гуфта шудааст, ки дар бинои ҳамин марказ корхонаи истеҳсоли докаҳои тиббӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Корхонаи мазкур низ аз ҷониби манбаъ зикр кардааст, ки ширкати “Ғолибҷон Холов” сохта шуда, иқтидори истеҳсолии он солона зиёда аз 1 миллион баста докаи тиббӣ мебошад.
Раҳмон дар меҳмонии кишоварз Қосимов: соҳибхона ҳаҷми даромади софашро гуфт
“Роҳбарияти ширкат нақша доранд, ки дар оянда фаъолияти коргоҳро васеъ карда, истеҳсоли дигар намуди маҳсулоти тиббиву дорувориро низ ба роҳ монанд”, - афзуд манбаъ.
Ҳамчунин, дар шафати маркази саломатӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон майдончаи варзишии болопӯшидаро ифтитоҳ кард.
Гуфта мешавад, ки ин майдонча дар заминаи нақшаи чорабиниҳо барои ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим бунёд гардида, дар самти пешгирӣ аз кирдорҳои номатлуби онҳо мусоидат хоҳад кард.
Сипас Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар вилояти Хатлон, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба фаъолияти Маркази хизматрасонӣ бо тарабхонаи “Замира” ва меҳмонхона оғози расмӣ бахшид.
Иттилоъ дода шудааст, ки корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти ҳануз соли 2018 оғоз гардида, он бо тамоми талаботи меъморию шаҳрсозии муосир аз ҷониби соҳибкори ҷавон Нурулло Ҳакимзода бунёд гардидааст.
Манбаъ қайд кардааст, ки дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар назар аст, ки то истиқболи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ боз садҳо иншооти дигар мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд.
Сипас раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳамчунин аз фаъолияти гармхонаи навтаъсиси Хоҷагии тиҷоратии ба номи “Сафар Ҷумъаев” дидан кард.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳои васлу насб ва ташкили гармхона соли 2020 оғоз гардида, он дар муддати кӯтоҳ ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд ёфтааст. Иншоот дар майдони 30 садяк замин доман густурда, аз 3 гармхона иборат мебошад.
"Айни замон дар гармхона нигоҳубин ва парвариши помидору бодиринг ва қаламфури булғорӣ бо риояи талаботу қоидаҳои агротехникӣ ба роҳ монда шуда, нашъунамои хуб доранд", - иттилоъ дод манбаъ.
Либос, пул ва китоб – туҳфаи Раҳмон ба ятимон дар Бохтар
Дафтари матбуоти раисҷумҳур қайд кардааст, ки Хоҷагии ба номи Сафар Ҷумъаев аз соли 1961 инҷониб фаъолият дошта, калонтарин хоҷагӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба ҳисоб меравад ва самти фаъолияти он ба чорводорӣ, тухмипарварӣ, боғдорӣ ва зироаткорӣ равона гардидааст.
Дар ҳамин ҳол, Эмомалӣ Раҳмон, масъулинро барои боз ҳам зиёд кардани майдони заминҳои корами обӣ аз ҳисоби заминҳои бекорхобида вазифадор намуд.
Ҳамчунин раисҷумҳури кишвар ба масъулин барои боз ҳам рушд додани соҳа ва ташкили гармхонаҳои наву муосири доимоамалкунанда дастуру супоришҳо дод
Тибқи иттилоии манбаъ, танҳо дар ду моҳи соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ин ноҳия 19 миллиону 114,7 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.