ДУШАНБЕ, 25 март - Sputnik. Дар Майдони кӯҳнаи Бишкек тақрибан 100 нафар ҷамъ омадаанд, ки ҳузури президенти Қирғизистон Содир Ҷаборовро талаб карданд, менависад Sputnik Қирғизистон.
Мардум дар назди бинои Ҳукумат барои ҳалли мушкили кӯҳнаи замин ҷамъ омаданд.
Ҳамаи эътирозгарон дар минтақаи ТЭЦ-2 дар ҷанубу ғарби Бишкек зиндагӣ мекунанд ва онҳо талаб доранд, ки заминашон қонунӣ карда шавад.
Шаҳрвандон даъво доранд, ки соли 2005 маъмурияти ноҳияи Ленин ба онҳо қитъаҳои замин дода буд, аммо пас аз 4 сол шаҳрдорӣ қарори худро бекор кард. Сабаб ба минтақаи санитарӣ будани замин рабт дода шуд.
Эътирозгарон шикоят мекунанд, ки қаблан мақомоти баландпоя ваъда дода буданд, ки мушкили онҳоро ҳал хоҳанд кард ва чанд бор ба наздашон омаданд. Аммо ин масъала ҳалли худро наёфт.
Иштирокчиён инчунин аз изҳороти ахири сарвазири кишвар Улукбек Марипов изҳори норозигӣ карданд, ки дар сурати ба кор андохтани НБО-2, кӯчонидани қариб 400 оила зарур аст.
Бояд гуфт, ки худи ТЭЦ-2 дар ҷанубу ғарби Бишкек дар минтақаи Сокулук ҷойгир аст. Сохтмони он ҳанӯз соли 1986 оғоз шуда буд, аммо баъдан қатъ гардид.
Аллакай дар соли 2019, ҳукумати Қирғизистон зарурати суръат бахшидани навсозӣ ва таҷдиди НБО-2-ро эълон кард, ки бояд бо гази табиӣ кор карда, нерӯи барқ истеҳсол кунад.