Дар Аморот атреро ба номи Аҳмадшоҳи Масъуд тавлид карданд

Ширкати маъруфи аморотӣ ба номи "Ғизол" (Ghazal) шишаи атреро аз таркиботи муаттаре ба номи “Аҳмадшоҳи Масъуд - Қаҳрамони миллӣ” тавлид намудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 мар – Sputnik. Дар Аморот атреро ба номи Аҳмадшоҳи Масъуд тавлид карданд, ки рӯйи шишаи он акси Масъуд бо рангҳои мухталиф ба гунаи сохтори шиканона тарроҳӣ гардидааст. 
Аҳмадвалӣ Масъуд, раиси Бунёди шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз иқдоми арзишманд ва арҷманди кампании "Ғизол" барои бузургдошти номи Аҳмадшоҳ Масъуд қадрдонӣ менамоем. Вай афзуд, тавлиди шишаи атрӣ дар Аморот ба номи Масъуд ё ба ёди Масъуд, ҳама гувоҳи ин аст, ки инсонҳои бузург мероси муштараки ҷаҳони инсониятанд.
"Умедворем ин ибтикороти фарҳангӣ барои густариш ва ниҳодина сохтани омӯзаҳои мондагори Аҳмадшоҳ Масъуд дар шаклҳо ва гунаҳои мутанаввеъ дар саросари ҷаҳон идома ёбад, ки ҳама боиси сарафрозии Афғонистон мебошанд", - гуфт Аҳмадвалӣ Масъуд.
Рӯйи шишаи атру қуттии "Аҳмадшоҳи Масъуд - Қаҳрамони миллӣ" дизайни зебои акси Масъуд бо рангҳои мухталиф ба гунаи сохтори шиканона тарроҳӣ гардидааст. Як сафҳаи маълумотӣ дар мавриди Қаҳрамони миллӣ ба забон форсӣ ва англисӣ низ замимаи ин баста мебошад.
Духи имени Ахмадшаха Масуда
Раиси Бунёди шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд мегӯяд, ин, ки Аҳмадшоҳ Масъудро донишмандони сиёсатварз фазилатгаро гуфтаанд, баноҳақ нест.
Масъуд гуфт, равед сулҳ кунед: сӯҳбати Ағбар аз Зуҳурову Раҳмон то Толибону Амрико
"Гузашта аз тааллуқоти фарҳангӣ, қавмӣ, кишварӣ, динӣ ва забонӣ, ин навъ инсонҳо марзҳои макону фосилаҳои замонро мишикананд, бо ҳам арзишҳои муштараки инсониятро рақам мезананд ва мероси мондагори ҷаҳони инсоният мешаванд. Ба ҳамин далел, касоне дар гӯшаву канори ҷаҳон ба гунае худро дар оинаи ин бузургони роҳи инсоният мебинанд ва орзу микунанд қаламе ё қадаме дар ҳамин масир бардоранд", - гуфт Аҳмадвалӣ Масъуд.
Тайи як соли ахир дар Порис ҷодае ба номи Масъуд номгузорӣ шуд, китобе дар Лондон ба номи "Наполеони Афғонистон" ба чоп расид ва маҳаллае ҳам дар Исломобод ба номи ӯ гузошта шуд.
Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон, 9 сентябри соли 2001 дар шаҳраки Хоҷа Баҳоуддини вилояти Тахор аз сӯи ду террористи араб ба шаҳодат расида буд.
Дар ин тавтиаи таърихӣ, ба бовари таърихнигорону манобеъи расмӣ, кишварҳои зиёде, аз ҷумла Фаронсаву Инглистон, Амороти муттаҳидаи арабу Покистон, ки ҳамагӣ ошкору пинҳон аз Толибон ҳимоят мекарданд, саҳм доштанд.