ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Муҳаммад, як корбари сомонаи Шӯрои уламо аз ин ниҳод суол кардааст, ки оё ягон саҳобаи Расули Худо (с) 300 ё 400 умр дидааст.
Шӯрои уламо посух додааст, ки бар асоси як ривоят Салмони Форс 250 сол умр дидааст ва таъкид кардааст, ки ин ривоят саҳеҳ аст.
“Бародари азиз, тибқи баъзе ривоятҳо Салмони Форсӣ (рз) 350 сол ва ба ривояти дигар 250 сол умр дидааст ва ҳамин ривояти охир саҳеҳ аст”, - омадааст дар посухи Шӯрои уламо, ки дар сомонаи расмияш нашр шудааст.
Салмони Форс аз чеҳраҳои шинохтаи олами ислом ва аввалин форсе арзёбӣ мешавад, ки Исломро қабул кардааст.
Аммо бар асоси донишномаи озод, Салмон соли 578 дар шаҳри Исфаҳони Эрон таваллуд шуда, соли 657 дар шаҳри Мадоин дар қаламрави Ироқи ҳозира дар синни 79-солагӣ фавтидааст. Ӯ дар охири умраш волии Мадоин будааст.
Салмон аз тарроҳони асосии ҷанги Хандақ дар соли 626 мебошад, ки Ҳазрати Муҳаммад (с) ва ёронашро дар Мадина аз бадхоҳонашон ҳифз кардааст. Дар ин ҷанг бо пешниҳоди Салмон атрофи шаҳр хандақ канда мешавад, ки боиси пирӯзии Муҳаммад ва ёронаш мегардад.
Ӯро инчунин аввалин тарҷумони бархе сураҳои Қуръон медонанд, ки гуфта мешавад, аз тарҷумаҳояш танҳо тарҷумаи сураи "Фотиҳа" боқӣ мондааст.