ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Вазоарти тандурустии Тоҷикистон аз эм шудани роҳбарият ва кормандони Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе алайҳи бемории COVID-19 хабар медиҳад.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон рӯзи 23 март дар Маҷмааи тандурустии "Истиқлол" бо ширкати вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода расман эмгузаронӣ оғоз шуд.
Нахуст Намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккави, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат ва роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ваксинаи зидди бемории COVID-19 гирифтанд.
Бояд гуфт, ки тибқи нақша нахуст гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ, аз ҷумла кормандони соҳаи тандурустӣ, соҳаҳои стратегии хоҷагии халқ, шаҳрвандони синну соли аз 60 сола боло, нафарони дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифта мешаванд.
Ёдрас мешавем, ки сироятшиноси рус, сарпизишки Маркази тиббии "Лидер-Медицина", номзади илмҳои тиб Евгений Тимаков гуфт Тоҷикистон метавонад бо эмгузаронӣ ҳамагирии коронавирусро боздорад.
Ӯ гуфт, ҳангоми пандемия, бо дастрасии маҳдуди ваксина, бояд одамонеро эм кард, ки воқеан ба ваксина ниёз доранд.