Наврӯзи Маскав: аз рақсу суруд то волейболи бонувон ва гуштингирии мардон - видео

Ҷашни баҳорӣ махсусан дар Лужники ба таври васеъ таҷлил шуд, ки дар он меҳмонон метавонистанд, таомҳои анъанавии шарқиро чашида, сабқати варзишгаронро тамошо кунанд ва бо дӯстону оила хурсандӣ кунанд
Sputnik
Наврӯз, ҷашни бостонии мардуми форсизабон беш аз 10 сол аст, ки дар пойтахти Русия ҷашн гирифта мешавад. Солҳои охир он дар миқёси бузург баргузор шуда, даҳҳо ҳазор тамошобинро ҷалб кардааст.
Суманак, рақсу гуштин ва таомҳои миллӣ: Наврӯзи тоҷикон дар Маскав
Бо вуҷуди ин, дар соли 2020, ҳама хурсандиро пандемия вайрон кард - татбиқи чораҳои қатъии карантини аслан як ҳафта пеш аз санаи чашмдошти ҷашнҳои оммавӣ оғоз ёфт.
Ин аст, ки имсол диаспораи тоҷикон дар Маскав на танҳо баҳор ва рӯзҳои аввали гармро истиқбол кард, балки ба назар чунин менамуд, ки "вируси корона" -ро бо табъи идонаи худ аз миён рафъ мекарданд.
Ҳарчанд Наврӯз якбора дар якчанд ҷойгоҳҳо чӣ дар интернет ва чӣ дар ВДНХ ҷашн гирифта мешуд, аммо бузургтарин ҷашн дар Аренаи Хурд дар "Лужники" баргузор шуд. Созмони ҷамъиятии "НУР" барномаеро рощандозӣ кард, то Наврӯз-2021 барои меҳмонон хотирмон бошад.
"Барои омодагӣ захираҳои зиёд ҷалб карда шуд. Ва худи ташкили истироҳат ба шарофати меҳнат, дониш ва кӯмаки ихтиёриён имконпазир гардид", - гуфт роҳбари созмон Карамшо Мамаднасимов.
Дар зери як бом чанд намуди сабқатҳои наврӯзӣ баргузор шуд, ки асосиаш мусобиқаи гӯштингирӣ буд. Ғизои идона ва чорабиниҳои фарҳангӣ - сурудҳо ва рақсҳои миллӣ барномаро боз рангинтар карданд.
Ва бояд гуфт - ид бомуваффақият гузашт. Дар ҳар сурат, фазои Лужники ба ҳадде гарм ва самимӣ буд, ки ба наздик омадани баҳори имсола шубҳае набуд.