ДУШАНБЕ, 23 мар - Sputnik. Масъалаи афзоиши интиқоли маблағҳои муҳоҷирон на аз вазъи марзҳо, балки аз талабот ба нерӯи корӣ дар бозори меҳнат вобаста аст, гуфт Алексей Коренев, таҳлилгари ширкати "ФИНАМ" дар муколама бо Sputnik Тоҷикистон.
"Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон таъминкунандагони қувваи кории хеле мушаххас мебошанд. Бинокорон ва кормандони хадамоти манзилию коммуналӣ ба Русия меоянд. Ва ҳоло, бинобар бӯҳрони иқтисодӣ, бекорӣ ба таври назаррас афзудааст, талабот ба ин намудҳои кор коҳиш ёфтааст", - тавзеҳ дод Коренев.
Барқарорсозии интиқоли фаромарзӣ аз Русия ба ИДМ мустақиман ба шумораи муҳоҷирони меҳнатии корӣ ва шумораи онҳо ба вазъи бозори меҳнат ва он дар навбати худ аз иқтисодиёт вобаста аст, қайд кард коршинос.
"Ҳамин ки иқтисоди Русия ба барқароршавӣ оғоз кард, талабот ба нерӯи корӣ зиёд мешавад, ҳаҷми интиқоли пул низ меафзояд", - шарҳ дод таҳлилгар.
Коренев пешбинӣ кард, ки бояд тағйироти ҷиддӣ дар иқтисоди Русия ва бозори меҳнатро дар солҳои 2022-2023, бо дарназардошти шароити мусоиди беруна, интизор шуд.