Фармон, амр ва қарорҳои тозатарини Эмомалӣ Раҳмон

Бо амру фармони раисиҷумҳур ва қарорҳои тозатарини Ҳукумати Тоҷикистон, ки президент, Эмомалӣ Раҳмон имзо кардааст, метавонед дар бахши вижаи Sputnik Тоҷикистон шинос шавед.

Қарори Ҳукумат барои додани замин ба "Авесто гуруҳ" ба ивази 2 млн: гӯшт фаровон мешавад?

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори Ҳукумат ба ширкати "Авесто Гуруҳ" беш аз 23,7 гектар замин додааст, то корхонаи тавлиди гӯшт созад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 мар – Sputnik. Бар асоси қарори Ҳукумат беш аз 23 гектар замин ба "Авесто гуруҳ" барои сохтмони корхонаи мурғпарварии гӯштӣ дода шудааст.
Сохтмони бузургтарин фабрикаи парандапарварӣ дар Данғара
Ширкат муваззаф шудааст, ки хисороти истифодабарандагони заминро пурра ҷуброн созаду ба буҷаи давлат барои аз гардиши кишоварзӣ берун мондани ин заминҳо 2 миллиону 152 ҳазор сомонӣ пардохт намояд, таъкид шудааст дар қарор, ки пойгоҳи ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон ахиран онро нашр кард.
Қаблан мақомоти Тоҷикистон хабар дода буданд, ки интизор меравад, сохтмони бузургтарин корхонаи тавлиди гӯшти мурғи кишвар, ки дар ноҳияи Данғара феълан идома дорад, то 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба анҷом мерасад.
Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон, мегӯяд, дар ду – се соли оянда талаботи ҷумҳурӣ ба гӯшти парранда аз ҳисоби тавлидоти худӣ пурра таъмин хоҳад шуду кишвар ба содиркунанда мубаддал мешавад. Ӯ аввали соли равон изҳор дошт, ки бар асоси меъёрҳои физиологии тасдиқкардаи Ҳукумат талаботи солонаи ҳар сокин ба гӯшти паранда 9 килоро ташкил медиҳад.
Ӯ афзуд, ки истеҳсолоти феълии гӯшти паранда дар ҷумҳурӣ ҳудуди 4,5 – 5 кило сари ҳар сокинро ташкил медиҳад ва дар сурати то 60 ҳазор тонна расондани гӯшти мурғ талаботи кишвар пурра таъмин мешавад.
Вазир аз рушди соҳаи парандапарварӣ суҳбат карда, афзуд аз соли 2018 то ҳол саршумори мурғ 2,2 баробар афзоиш ёфта, ба 9 миллион сар расид. Ӯ илова намуд, ки феълан теъдоди корхонаҳои парандапарварӣ дар кишвар ба 181 адад расонда шуд, ки бисёрашон дар шимоли ҷумҳурӣ ҷойгиранд. Зиёзода афзуд, ки ният доранд, теъдоди корхонаҳо дар ҷануби Тоҷикистонро низ зиёд намоянд, чун дар ин минтақа низ шароит мусоид буда, талабот зиёд мебошад.