ДУШАНБЕ, 22 мар - Sputnik. Собиқ қаҳрамони UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммадов мехоҳад мураббӣ шавад. Аллакай исми рамзикоре, ки Ҳабиб ӯро тамрин медиҳад, маълум шудааст.
Манобеи TMZ менависад, Ҳабиб Нурмуҳаммадов мураббии размикори амрикоӣ Люк Рокхолд мешавад. Рок Холд замоне қаҳрамони UFC дар вазни сабук буд. Худи размикор низ ин хабарро таъйид намуда гуфтааст:
"Ҳабиб ният дорад, роҳи падарашро идома диҳад. Ӯ бисёр мехоҳад, маро боз ба октагон баргардонад ва яке аз беҳтарин мураббиёни ҷаҳон шавад".
Ёдовар мешавем, Ҳабиб Нурмуҳаммадов пас аз муҳорибаи ахири худ эълон кард, ки ба корбурди варзишии худ нуқта мегузорад.
Рӯзи гузашта собиқ қаҳрамон дар мусоҳиба бо ESPN гуфт, "шояд мардум маро намефаҳманд, аммо ман ҳис мекунам, ки бояд равам.
"Ман ҳис мекунам, ки бояд бас кунам, зеро ҳар набарди ман аз модарам чанд соли умрашро мегирад”.
Ба таъкиди Ҳабиб, чун дар ин намуди варзиш аллакай қаҳрамон шуд ва ба нуқтаи баландтарин расид, барояш минбаъд идома додани муҳорибаҳо барои ӯ беаҳамият шуданд.
"Боз барои чӣ идома бояд диҳам? Барои пул?. Аммо ба ман пул лозим нест", - шарҳ додааст Ҳабиб Нурмуҳаммадов.