ДУШАНБЕ, 22 мар - Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии Русия ба радди ИМА аз гуфтушунид байни президентҳои ду кишвар изҳори назар кард.
"Мо бо таассуф изҳор медорем, ки ҷониби Амрико пешниҳоди президенти Русия Владимир Путинро дар бораи гуфтугӯ бо президенти ИМА Ҷозеф Байден дар шакли видеоконфронс ва пахши мустақим дастгирӣ накард", - гуфта мешавад дар паём.
Гуфта мешавад, ки санаи 19 ё 22 март барои гуфтушунид пешниҳод шудааст. Мавзӯи муколамаи байни президентҳо мушкилоти ҷамъшудаи дуҷонибаи байни Русия ва ИМА буд.
"Имкони дигаре барои ёфтани роҳи халосӣ дар бунбасти муносиботи Русия ва Амрико, ки Вашингтон ба вуҷуд овардааст, аз даст дода шудааст", - илова шудааст дар изҳорот.
Вазорати корҳои хориҷӣ ба хулосае омад, ки масъулияти вайрон кардани музокирот комилан ба дӯши Иёлоти Муттаҳида аст.
Ёдовар мешавем, раисиҷумҳури Русия қаблан барои ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта дар равобит бо ИМА президенти он кишвар Байденро барои гуфтугӯи рӯбарӯ дар пахши мустақим даъват карда буд.