ДУШАНБЕ, 22 март - Sputnik. Чаро Александр Панайотов соли равон аз Русия ба Евровидение рафта натавонист, шарҳ дод мусиқишинос, рӯзноманигор Евгений Бабичев.
Мутахассиси мусиқӣ қайд кард, ки ин масъалаи бахт ё барор нест.
"Вақтҳои охир, ӯ ноумед гаштааст ё дигар бовар намекунад, ки орзуи деринаи ӯ ҳамеша амалӣ хоҳад шуд. Дар формати Евровидение ӯ қодир аст, ки ҳунари худро нишон диҳад",- гуфт мунаққид.
Аммо Панайотов як нуқсони азим дорад, илова кард Бабичев. Камбуди ӯ маводи пешниҳодкардааш барои озмун аст. Ҳатто сарфи назар аз репертуари гуногун, Панайотов муваффақ мешавад, ки ҳар дафъа бо суруди "номуваффақ" ояд.
"Вай ҳар сол таронае ба озмун пешниҳод мекунад, аммо ин каме фарқ дорад. Ҳоҷат ба шикоят аз он нест, ки ӯро фишор медиҳанд ва иҷозаи баромад намедиҳанд, зеро ҳамеша ҳунармандони омодатар бо сурудҳои беҳтар бо дастгирии ҷиддитар буданд",- гуфт Бабичев дар муколама бо ФАН.
Сабаби дигари нокомӣ ҳатто дар давраи интихобӣ, набудани таронаи воқеан шинохтаи Панайотов аст, илова кард коршинос.
"Мушкилоти Панайотов на танҳо дар доираи озмуни Евровидение, балки дар маҷмӯъ дар карераи ӯ низ мушоҳида мешавад. Ӯ суруде надорад, ки мо ӯро эътироф кунем",- гуфт Бабичев.
Мунаққиди мусиқӣ илова кард, ки дар ин ҳолат як продюсери қавӣ, масалан, Филипп Киркоров метавонад ба сароянда кумак кунад.
Ёдовар мешавем, ки имсол Русияро дар Евровидение тоҷикдухтар, ки бо русӣ тарона месарояд намояндагӣ хоҳад кард.
Пас аз роҳёбияш ба ин озмун вокунишҳои шадиди манфие болояш рехт ва ҳатто аз Кумитаи тафтишотии Русия хоҳиш карданд, ки таронаи ӯро бисанҷанд, аммо дар баробари ин ҳама, буданд афроде, ки Манижаро дастгирӣ ва ба ӯ комёбӣ таманно карданд.